ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Муаллим, бо муҳиме назди Шумо омадам,- гумони маро тасдиқ кард Ҷумҳур Ҷаъфаров,- Хуб медонед, ки ман фарзанди ду миллатам – озарбойҷон ва тоҷик. Дар қалби пири ман нисбат ба ин ду миллат оташи муҳаббат фурўзон аст. Миллати ман озарист, вале дар оғўши тоҷикон бузург шудаам.
Вақте ки ў ин ҳарфҳоро мезад, эҳсос мекардам, ки дубора ҷавон мешавад. Овозаш лаҳза ба лаҳза устувортару баландтар садо медод ва дар он дигар эҳсоси хастагӣ ба назар намерасид: - Чанде қабл ба Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши мардум мақоми «Пешвои миллат» доданд.
Имрўз, ки бесарусомониву нофаҳмиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба назар мерасанд, ин иқдоми хеле оқилона аст. Миллат бояд ҳатман сарваре дошта бошад, ки мардумаш дар атрофи ў сарҷамъ шаванд, вагарна ба деге, ки сарпўш надорад ҳар саг даҳон мезанад. Бовар кунед, ман ин навидро шунидаму Озарбойҷони солҳои навадум ба хотирам омад. Он солҳо ҳам ба сари миллати тоҷик ва ҳам ба сари миллати озар кишварҳои абарқудрат нооромиву фитнаҳои зиёдеро таҳмил намуданд. Хушбахтона, дар осмони ин ду миллати соҳибтамаддун ситораи иқболи ду шахси барҷаста дурахшид, ки тавонистанд мардуми худро аз вартаи маҳвшавӣ эмин доранд. Яке аз ин ситораҳо Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба иқболи мардуми тоҷик ва дигаре Ҳайдар Алиев буд, ки ба иқболи миллати озар хеле рўшан таҷаллӣ карданд… - Синни ман 86-ро убур мекунад, дигар ман ба ҳар як садои асоям гўш медиҳам:
Ба ангушти асо пирӣ, ишорат мекунад ҳар дам, Ки марг ин ҷост, ё он ҷост, ё ин ҷост… - маҳзунона табассум кард ў. Ман дигар ба хушомаду тамаллуқ ва ё мукофот ниёз надорам. Вале то ҷон дар рамақ ҳаст, рисолати худро анҷом медиҳам ва дар бораи ин шахсиятҳои бузург менависам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо