ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Зиндагии эшон бояд барои насли ҷавон дарси ибрат бошад. Аз ин хотир ҳам назди Шумо омадам, то порае аз хотироти худро дар бораи Ҳайдар Алиеви зиндаёд, ки 10 май рўзи таваллудаш таҷлил мешавад, манзури ҳафтаномаи шумо гардонам.
Ҷумҳур Ҷаъфаров аз кифи худ чанд варақро баровард:- Гарчанде ки ба забони тоҷикӣ озод менависам, ин мақолаам ба забони русӣ аст, чӣ мешуд, ки онро тарҷума ва чанд ҳарф илова намуда, аз номи ҳардуямон чоп мекардед, – хоҳиш кард ў.
Дар бораи Ҳайдар Алиев соле қабл мақола навишта будам. Аз ин лиҳоз дастаи коғазҳоро гирифтаму аз ин пирамарди рўзгордида, ки яке аз пажўҳишгарони ҳаёт ва фаъолияти Ҳайдар Алиев буд, хоҳиш намудам, ки шояд ў дар бораи ин шахсияти бузург порае нақл кунад:
- Ман оид ба кору пайкори Ҳайдар Алиев ва вазифаҳои ишғолкардааш каме иттилоъ дорам, бисёр мехостам, ки аз хислатҳои наҷиби ў ҳарф занед.
- Муаллим,- бо табассум гуфт ў, – Бисёриҳо гумон мекунанд, ки роҳбари давлат ва ё пешвои миллат будан роҳат аст. Вале сахт иштибоҳ мекунанд. Ин як масъулияти хеле бузург аст, ки инсонро лаҳзае ором будан намегузорад. Гарчанд, имрўз аксарият хизматҳои арзандаи Ҳайдар Алиевро дар назди миллати озарбойҷон эътироф кардаанд, як идда нотавонбиноне ҳам ҳастанд, ки то ҳол ба сўяш санги маломат меафкананд. Шумо медонед, ки дар зиндагӣ чандин маротиба ба ў сўиқасд кардаанд, пайваста ба ў таъзиқ меоварданд ва ниҳоят ба таври сунъӣ ўро ба сактаи дил гирифтор намуданд. Роҳбарияти олии Иттиҳоди Шўравӣ талош мекарданд, ки ў аз вазифаи муовини аввали Раиси Шўрои вазирони Иттиҳоди Шўравӣ истеъфо диҳад.
Ўро тақрибан чаҳор моҳ иҷборан дар беморхонаи Кумитаи марказӣ бистарӣ намуданд. Мегуфтанд, ки ў дигар корношоям аст ва аз ҳаёташ низ 5 соле беш намондааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо