ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ў маҷбур шуд, ки соли 1987 таҳти ин фишорҳо истеъфо диҳад. Вале оё офтобро бо доман пўшида мешавад ва ё имкон дорад, ки пеши оби бузургро бандӣ? Ҳаргиз!
Ў Озарбойҷонро бениҳоят дўст медошт. Ҳар як кафи хок ва ҳар пораи санги кишвараш ба ў азиз буд. Вақте ки
Юрий Владимирович Андропов ўро ба кор, ба Маскав даъват кард, Ҳайдар Алиев рад кард. Ў зиндагии худро лаҳзае бидуни Озарбойҷон тасаввур карда наметавонист.
Вале Андропов, ки хислати Ҳайдар Алиевро хуб медонист аз ў суол кард: «Оё намехоҳӣ ба мардуми Шўравӣ хизмат кунӣ? Намехоҳӣ дар ин амали хайр ба ман кўмак расонӣ?».
Ин шахси бузург, ки парвардаи Ҳукумати Шўравӣ буду ҳеҷ гоҳ ба дўстон хиёнат намекард, даъвати Андроповро иҷобат намуд ва ба Маскав омад.
Бидуни талошу ҷонбозиҳои Ҳайдар Алиев гумон аст, ки Озарбойҷони имрўза дар ин шакл вуҷуд дошта бошад.
Ин ҳақиқатест, ки ҳатто душманони ў инкор карда наметавонанд. Ў ду маротиба роҳбарии Озарбойҷонро ба зимма гирифтааст. Соли 1969 Котиби аввали КМ Ҳизби Коммунистии Озарбойҷон буд ва тўли даҳ соли фаъолияташ тавонист, ки ин кишварро аз як музофоти оқибмондаи аграрии Иттиҳоди Шўравӣ ба ҷумҳурии саноатӣ табдил диҳад. Соли 1993 бошад давлат ва миллати Озарбойҷонро муттаҳид намуда, аз маҳвшавӣ наҷот дод.
Ў ҳаргиз дар фикри худ набуд. Ҳатто ҳангоми бемор будан лаҳзае аз кор дур намешуд, ҳамеша масъулият эҳсос мекард. Вақте ки дар назди муҳассилини омўзишгоҳи ҳарбӣ баромад мекард, нохост дилашро дошту калавид.
Муҳофизонаш аз дасташ гирифта аз минбар паси саҳна бурданд. Вале ў пас аз даҳ дақиқа боз ба минбар баромад.
Чанд ҳарф гуфту боз аз ҳуш рафт. Ўро бори дигар паси саҳна бурданд. Вале баъд аз чанд лаҳза боз сари минбар омад то васияти охирини худро бо овози хаста ба ҷавонон гўяд: «Фарзандони азиз, ҳамеша саломат, сарбаланд ва комёб бошед».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо