ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ аз касофати бўҳрони шадиди давлат боз ҳам мураккаб гардида, сохторҳои конститутсионӣ қариб, ки амал намекарданд, ҳокимият фалаҷ гашта буд.
Барои ин давраи мубҳам ҳамчунин авҷ гирифтани фаъолияти унсурҳои ҷинояткор ва дар ҳоле, ки мухолифони Эмомалӣ Раҳмон шикасти ўро нигарон буданд, талоши сиёсатмадорони худхоҳ барои ҳокимият хос буд.
Вале пешгўиҳои сиёсатмадорони кўтоҳназар пуч баромад, зеро онҳо як чизи муҳимро сарфи назар карданд:
Эмомалӣ Раҳмонро халқ дастгирӣ мекунад, халқе, ки вай аз байни он баромадааст. Ин чиз, алалхусус, дар вақти интихоботи Президент, ки аксари кулли овозҳоро гирифта буд, хеле возеҳу равшан аён гардид. Дар Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе бошад (дар панҷ сол чунин анҷуман се маротиба барпо шуд), аз ҷониби як нафар меҳмони хориҷӣ сухане рафт, ки аҳли толор бо мавҷи қарсак истиқбол намуданд. Он сухан ин буд: «Эмомалӣ Раҳмон - Президенти ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст».
Вақт бо шасту ҷадал пеш меравад, аммо роҳу равише, ки Конститутсия муқаррар намудааст, бетағйир мемонад. Тоҷикистон бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ки ба иқтисоди бозаргонии тавъам бо адолати иҷтимоӣ асос ёфтааст, устуворона пеш меравад.
Ислоҳоти куллии иқтисодӣ ривоҷ ёфта, муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифтааст. Хусусигардонии моликияти давлатӣ бомуваффақият идома дорад. Шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ пайдо шуданд.
Сарзамини Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок ниҳоят ғанӣ мебошад. Дар натиҷаи тадқиқи мунтазами геологии ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои фаровони маводи сўзишворӣ ва конҳои сангҳои қиматбаҳо, маводи сохтмонӣ, фулузоти ранга ва нодир кашф гардидаанд. Ҳоли ҳозир бештар аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф шуда, тақрибан 100-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки аз онҳо 40 навъи маводи конӣ ва сўзишворӣ истихроҷ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё