ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Толор аз кафкўбӣ ба ларза омад. Оё ин беҳтарин намунаи дарси ҷавонмардӣ, беҳтарин сабақи зиндагӣ набуд?
Медонед муаллим,-баъд аз каме андеша сўҳбаташро анҷом дод Ҷумҳур Исмоил оғлӣ, -вақте ки тўфон ё боди шадид мехезад, киштичаҳои хурд ва ҳама гуна чизҳои сабуку сунъиро мисли хас барҳам мезанад, вале киштиҳои бузург, биноҳои таҳкурсиашон мустаҳкам ва дарахтони устувор аз касофати боду тўфон парвое надоранд. Ҳайдар Алиев низ дар зиндагӣ тимсоли киштии бузург, бинои мустаҳкам ва дарахти серҳосили устуворе буд, ки аз ҳеҷ боду тўфони ҳаводис ҳарос надошт.
Ў оҳиста асобағалашро зери каш гирифту аз ҷой бархост. Камина низ баъд аз гусели ин пирамарди нуронӣ ба утоқи корӣ баргаштаму эҳсос намудам, ки дигар ҳоҷат ба тарҷумаи мақолаи ў намондааст. Беҳтарин мақола ҳамин сўҳбати ҷолибе буд, ки Ҷумҳур Исмоил-оғлӣ бо забони фасеҳи тоҷикӣ нақл кард.
Душанбе, с. 2014
ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД,
БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ…
Дар доираи сафарҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ, дар
бораи ҳамватаноне, ки бо сабабҳои гуногун тарки Ватан
кардаву дар кишвари бегона зиндагӣ ихтиёр намудаанд,
зиёд навиштаам… Вале дар ҳар сафари наве, ки анҷом медиҳам ҳамватанони худро ба гунаи дигар мебинам. Мебинам, ки онҳо на танҳо аз лиҳози моддӣ вазъи зиндагиашон
хубтар шудааст, балки андешаву афкорашон низ, ба истиснои чанд нафар мутаассибе, ки ба ҷуз ҷаҳонбинии маҳдуди асримиёнагии худ чизи дигареро қабул надоранд, ғолибан ба самти мусбӣ тағйир ёфтааст…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо