Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чанде қабл бо ҳайати гурўҳи кории ҲХДТ ба минтақаҳои гуногуни Федратсияи Русия бо мақсади мулоқот бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқими Русия сафаре анҷом додем, ки пораеро аз таассуроти худ манзури хонандагон месозам.

Муҳоҷирони тоҷик дигар Одинаву Дохунда нестанд…
Солҳои навадум, бар асари ҷанги бародаркуш селаи муҳоҷирони тоҷик рў ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, бахусус Русия оварданд. Борҳо шоҳиди он будам, ки он замон чи гуна ҳамватанони мо барои пайдо намудани як пора нон ва ба шарти ба даст овардани ҳаққулзаҳмати ночизе даст ба корҳои сангин мезананд ва бори миннати «хоҷа»-ҳои корфарморо мекашиданд. Хеле сангин буд назар андохтан ба чеҳраи ғамгину чашмони маҳзунашон, ки ҳатто дили сангро об мекард.
Гоҳҳо ба назарам чунин мерасид, ки ин тўдаи Одинаву Дохундаҳо буданд, ки тасвирҳои ҳузнангезро аз асарҳои гаронмояи устод Айнӣ дубора зинда мекарданд. Зери юғи Арбоб-Камолҳо қарор доштанду ба ҷуз наҷот ёфтан аз гуруснагӣ ва ҳуқуқи ночиз барои зинда мондан дигар орзуе дар дилашон намесабзид. Исми тоҷик дар ҷомеаи Русия бо маҳфумҳои «аробакаш», «фаррош», «коргари беҳунар» (ва ё ба истилоҳи дигар «сияҳкор», ки русҳо «чернорабочий»
мегўянд) сахт алоқамандӣ дошт. Гўё дигар фаромўш шуда буд, ки ин миллат дар рушди тамаддуни ҷаҳон бо нақши боризи фарзандони фарзонааш Синову Берунӣ, Фирдавсиву Хайём ва мисли ин такони ҷиддие додааст. Мардуми кўчманчие, ки ба ҷуз саҳронишинӣ дигар шевае надоштанд аз ў савод, хат, ҳунар ва тиҷорат омўхтаанд…

пешина
аз 601
навбатӣ