Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз вазъи иҷтимоии тоҷикони муҳоҷир хеле тағйир ёфтааст. Онҳо дигар Одинаву Дохунда ва ё Равшану Ҷамшуд нестанд. Дар ҷомеаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби мақому мавқеи устувор шудаанд. Агарчи то ҳанўз дар васоити ахбори оммаи Русия аз рўи одати дерин онҳоро аробакашу кўчарўб меноманд, (Дар ВАО-и Русия як одат ҳокӣ аст, ки агар як образ дар сархати ахбори онҳо қарор гирад, ба осонӣ аз он даст намекашанд. Аз ин рў ақоиде мисли ин, ки тамоми укроиниҳо пайравони бандера, тамоми тоҷикон аробакаш ва тамоми аврупоиҳо бадхоҳи русҳоанд, пайваста ба зеҳни мардуми рус талқин мешавад. ) бахши азими тоҷикон шаҳрвандии Русияро гирифта, соҳиби мағозаву тарабхонаҳо шудаанд ва ҳатто дар сохторҳои гуногуни давлатии Федератсияи Русия фаъолият доранд. Теъдоде аз онҳо аз корҷў ба корфармо табдил ёфтаанд ва на танҳо тоҷикон, ҳатто муҳоҷирони миллатҳои дигар ва мардуми бумиро низ бо кор таъмин мекунанд.
Аслан, истилоҳи «муҳоҷир» имрўз дар зеҳнҳо ҳамоҳанг бо маҳфуми «беватан», «гуреза», «бекор» садо медиҳад.
Дар аксари кишварҳои мутараққии ҷаҳон мутаассифона то ҳанўз ба муҳоҷирон ба ҳайси як мушкилоте, ки ба сари ҷомеаашон бор шудааст, муносибат мекунанд. Бархўрд низ бо ин қишри ҷомеъа аз эътидол зиёд хушунатомез аст ва сабабҳои асосии ин омил агар аз як ҷиҳат бо расму оини мардуми маҳаллӣ ба зудӣ хў нагирифтани муҳоҷирон бошад, аз ҷониби дигар воситаҳои ахбори омма ба оташи хушунату бадбинӣ равған мерезанд...
Вале… Як нуктаро бояд фаромўш накард, ки имрўз дар сайёра миллате ё давлате нест, ки мушкилоти муҳоҷиратро аз сар нагузаронида бошад. Тасаввур кунед, ки ИМА, Австралия ва Канада аз бузургтарин ва бойтарин кишварҳои дунё, тақрибан мардуми бумӣ надоранд ва беш аз 90-95% аҳолиашон муҳоҷронанд, ки ғолибан аз кишварҳои Аврупо ҳиҷрат кардаанд.

пешина
аз 601
навбатӣ