Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷониби дигар, агар мо ба таърихи муҳоҷирати халқҳои ҷаҳон назар афканем, худи кишварҳое, ки имрўз аз ҳаракати анбўҳи зиёди муҳоҷирон меноланд, ба авҷ гирифтани он сабаб шудаанд. Бубинед, ки имрўз агар аксари муҳоҷирони Фаронса аз Африқо ва кишварҳои араб бошанд, ба Англия ҳиндуҳо, покистониҳо, афғонҳо, ба Федератсияи Русия тоҷикон, ўзбекон, қирғизҳо, ба Амрико бештар африқоиҳо, эрониҳо, мексикоиҳо ва филипинҳо ҳиҷрат мекунанд. Чаро? … Ба ин хотир, ки нахуст намояндагони ин кишварҳо ба манотиқи муҳоҷиршаванда ҳамчун кишварҳои таҳти нуфуз худ ворид шуда, ба онҳо забон ва фарҳанг худро таҳмил намудаанд ва ё ҳароина ба тарзи зист сиёсат ва иқтисодиёти онҳо таъсир расонидаанд. Вале мутаассифона вақте ки дар ВАО-и кишварҳои мутараққии ҷаҳон доир ба мушкилоти марбут ба муҳоҷират, таъсири он ба фарҳанги аҳолии бумии ин кишварҳо ҳарф мезананд, тарафи дигари масъала, яъне таъсири худи онҳо ба сиёсат, иқтисодиёт фарҳанги кишварҳои Шарқ, сарфи назар мешавад.

Насли нав
Ба сўҳбати ду соҳибкори муваффақи тоҷик гўш медиҳам: - Дар хотир дорӣ, - мегўяд яке- чанд сол қабл чӣ гуна дар ҳавои сард ҳанўз чашми рўз накафида, дар китф бастаи матоъ ларзидаву ҳаросида ба бозор мерафтем?
Метарсидем, ки милисае ё шаробзадаву нашъаманде пеши роҳи моро мегираду «доля» талаб мекунад. Бале, рўзҳои сахт буданд,- тасдиқ мекунад ҳамсуҳбаташ,- садои «смотри, чурка идёт» аз ҳар ҷониб ба гўш мерасид. Борҳо воқеъ шудааст, ки пулу моли бо ранҷи зиёд ба даст овардаи моро ғорат кардаанд…
-Ҳоло чӣ?- ба сўҳбаташон ҳамроҳ мешавам. – Имрўз низ бархўрди баъзе сохторҳои қудратӣ мисли пешин аст.

пешина
аз 601
навбатӣ