ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Гоҳо бо ҳар баҳона шаҳрвандони моро боздошт ва депортатсия мекунанд, вале муносибати мардуми одии рус хеле тағйир ёфтааст, дигар бо лаҳни таҳқиромез ҳарф намезананд,- посух медиҳад ҳамсўҳбатам.
Ҳамсафарам, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Қабодиён Муҳаммадаюби Шарифзода маро ба хонаи яке аз хешовандонаш даъват кард. - Зарурати меҳмонхона рафтан нест, - гуфт ў бо қатъият, - вагарна тоҷикони маҳал аз мо сахт меранҷанд. Чун соҳибхона бо кори заруре дар шаҳри Маскав қарор дошт, моро бародари ў Каримҷон, ки дар шаҳри Екатеринбург бо тиҷорат машғул буд, роҳбаладӣ мекард. Нахуст таваҷҷуҳи маро фарзандони хонадон, ки яке дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи Екатеринбург ва дигаре ҳанўз дар мактаб таҳсил мекарданд, ҷалб намуд.
Онҳо сари дастархон бо як одоби хоси тоҷикона моро меҳмондорӣ мекарданд. Эҳсос мекардам, ки агар чӣ дар Русия бузург шудаанд, расму оини тоҷикиро фаромўш накардаанд... Баъд аз ҳамсўҳбат шудан бо ин ҷавонон, асрори ба таври мусбӣ тағйир ёфтани муносибати русҳоро ба муҳоҷирони мо дарк намудам. Ин ҷавонон насли нави тоҷиконанд, ки беҳтарин анъанаҳои миллии моро бо фарҳанги халқи рус омезиш додаанд. Забони русиро хеле хуб медонанд, аз таърих, тарзи зист ва фарҳанги халқи рус огаҳанд, вале дар замири худ тоҷик боқӣ мондаанд. Ин наслест, ки эҳтиром, одоб, расму оини тоҷикиро фаромўш накардааст, вале аз маҳдудаи афкори қуруни вустоӣ, ки ҳанўз дар мағзи иддае аз ҷавонони мо ғолиб аст, вораста, ҷаҳонбиниашон низ аврупоӣ шудааст.
Агар ба таърихи миллатҳое, ки мавриди таъқиб қарор гирифта, ба таври иҷборӣ рў ба муҳоҷират овардаанд, таваҷҷўҳ намоем, ҳамин саргузашти талх, таҳқиру хушунатро аз сар гузаронидаанд. «Инсон мисли оҳан аст, ҳар қадар ба обу оташ занӣ ҳамон қадар обутоб меёбад», - омадааст дар як масали русӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо