ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Агар мо ба сарнавишти мардуми африқоӣ, яҳудӣ, араб, ҳиндӣ ва ё арманӣ, ки рўзгори аз мо сангинтарро паси сар намудаанд, мутаваҷҷеҳ шавем, дурустии масали боло собит хоҳад шуд. Агар даҳсолаҳо қабл, ин мардум ба хотири дарёфти қути лоямут ба кишварҳои Ғарб рў оварда буданд, имрўз олами Ғарб аз фарзандони онҳо ифтихор дорад. Ашрофзодагони аврупоӣ ҳанўз чанд сол қабл ҳатто тасаввур намекарданд, ки Барак Обамаи сиёҳпўст президенти бузургтарин кишвари дунё Иёлоти Муттаҳида Амрико мешаваду Содиқ Хони покистонӣ мери шаҳри Лондон ва ҳар як навраси фаронсавӣ орзу мекунад, ки мисли Зиёмуддин Язид Зиддани алҷазоирӣ футболбози машҳури ҷаҳон шавад. Хушбахтона, имрўз садои тоҷик на танҳо дар кўчаву бозори Русия, балки дар Думаи Давлатӣ ва Академияи улуми Русия низ ба гўш мерасад…
Аз тоҷик будан ифтихор доранд…
Дар хотир дорам, як бародар, ки соли 1994 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда буд, сарнавишти талхашро ба ман қисса кард: «Падарам субҳи сарди моҳи декабри солҳои навадум ба кор рафту дигар барнагашт. Ҳарчанд ҷустуҷў кардем, ғайр аз гумону тахминҳо, ки ҳадафи тири кадом нохалаф шудааст, дигар асарашро пайдо накардем. Модарам, ки рус буд, дигар роҳи наҷотро танҳо дар муҳоҷират ба Русия медид. Маҷбур шудем тақдирро ба таваккал ҳавола карда, ба ватани бобоии модар кўч бандем. Ҳарчанд, ки беҳтарин ва рўшантарин хотираҳои тифлиам бо Душанбе рабт доштанд, баъд аз беному нишон шудани падар дилам аз Душанбеи ҷангзада, ки садои ханда аз он рахт баставу танҳо навҳаи модарон ба гўш мерасид, сард шуд. Чеҳраҳои шукуфтаи мардумро, ки бо ришҳои тоза тарошидаву атрзада, либосҳои тозаи аврупоӣ ва дар даст гулдаста ё китоб ба мулоқот ё меҳмонӣ мешитофтанд, дигар дар хоб медидӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо