Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Кўчаҳои шаҳрро акнун одамони бадҳайбати ришдор, ки дар сар латтаҳои сабз баста, бо пакулҳои афғонӣ, ё дар тан ҷомаву либосҳои варзишӣ ва дар даст аслиҳаи маргбор доштанд, соҳибӣ мекарданд.
Солҳои аввали зиндагӣ дар хоки Русия, ҳадалимкон кўшиш менамудам, ки ҳамсабақҳоям тоҷик буданамро эҳсос накунанд. Вақте мепурсиданд, ки чаро ному насабам мусалмонист, мегуфтам падарам тотор аст. Модарам шояд ин ҳолати маро дарк менамуд, ки пайваста таъкид мекард, ки падарат инсони наҷиб буд ва ифтихор дошт, ки аз насли
Хайёму Ҳофиз аст, дар шарёни ту низ хуни тоҷикӣ ҷорист, ҳаргиз аз тоҷик буданат ор накун…
Хуб, - мегуфтам, вале вақте тоҷиконро дар кўчаву бозорҳо медидам, ки чӣ вазъи бад доранду, барои пайдо кардани як пора нон ба пасттарин кор омодаанд, чӣ гуна мавриди таҳқир қарор мегирифтанду ҳатто аз ноилоҷӣ садо баланд намекарданд, худро аз онҳо дур мекашидам. Чашмони ваҳ шатзадаву чеҳраҳои маҳзуни онҳо ба ҳамсояҳои душанбегиам, ки симои дилпуронаву чеҳраҳои хушбахт доштанд, ҳеҷ шабоҳате надоштанд.
Вале ҳарфҳои модар дуруст будаанд, ҳаргиз аслу насаби инсонро тағйир дода намешудааст. Оҳиста-оҳиста ҷавҳари тоҷикӣ дар ниҳоди ман ғолиб омад. Бо мардуми муҳоҷир дўст шудам, дубора дарк намудам, ки бо вуҷуди ҳамаи сангиниҳои зиндагӣ то кадом андоза дили софу меҳрубон доранд. Имрўз, баръакс агар пурсанд, ки чеҳраи аврупоӣ дорӣ магар тоторӣ, бо ифтихор мегўям: «На, тоҷикам!»»
Имрўз ҳамин истилоҳи «Ман тоҷик!» дар байни ҷавонони ҳаммиллати мо дар Русия мояи ифтихор шудааст.
Дар шаҳри Перм ҷавононеро мушоҳида намудам, ки дар пероҳанашон (футболка) навиштаҷоти «Союз таджиков Пермского края» (Иттиҳоди тоҷикони кишвари Перм) ба назар мерасид.

пешина
аз 601
навбатӣ