ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Китоби бузургҳаҷмеро низ ба ман тўҳфа намуданд, ки «Тоҷикони кишвари Перм» ном дошт ва муаллифаш публитсисти тоҷик буд. Ростӣ ин иқдоми ҳамватанон ба ман хеле таъсир кард. Агар ин одамони наҷиб ба таърихи миллат дар мусофират оғоз гузоштанд, решаи миллати тоҷик дар ғарибӣ низ ҳамеша сабз хоҳад буд…
Коре кунем, ки эътибори миллиро паст назанем…
Вақте ки дар фурудгоҳи Домодедово аз назорати гумрукӣ мегузаштем, як ҷавони тоҷик бо либоси варзишӣ, ки дар навбат меистод , оҳиста аз остини ман кашид:
– Ака,- бо авзои парешон ба онҳое, ки бо марзбонон ва кормардони гумрук суолу ҷавоб мекарданд, ишора намуда, пурсид ў,- ҳоло инҳо чӣ савол медиҳанд ва ман чӣ посух диҳам?
- Ҳеҷ душворӣ надорад, - ҷавоб додам ба ў, -мепурсанд, ки мақсади сафарат ба Русия чист, ҷавоб медиҳӣ, ки барои кор, таҳсил ё меҳмонӣ.
- Ба тоҷикӣ мепурсанд?
- Албатта не,- бо ҳайрат посух додам, - ба забони давлатии худашон, яъне русӣ ва ё забони байналмилалӣ – англисӣ…
-Ваҳ, Худо зад,- бо даҳшат гуфт ў, – охир ман забони русиро намедонам, чӣ ҷавоб диҳам. Маҷбур шудам дар коғазаке ба забони русӣ тахминан саволу ҷавоберо, ки дар хатти убури гумрук сурат мегирад, навишта диҳам…
Итминон дорам, ки дар ҳавопаймое, ки ба шаҳрҳои марказии Русия парвоз мекунад, ҳатман ду-се нафар ҷавононе, ки комилан забони русиро намедонанд, сафар мекунанд. Шояд хонандаи азиз фикр кунад, ки ин мушкилоти худи ҷавон аст, ки забони русиро намедонад ва азобашро низ худаш мекашад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо