Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аммо… Агар амиқтар андеша ронем, бесаводии ҳамин гуна ҷавонон боис мегардад, ки муносибати мардуми рус нисбат ба миллати мо сард шавад ва образҳои Равшану Ҷамшуд ба саҳна оянд.
Чунин ба назар мерасад, ки мо барои ба муҳоҷират омода намудани ҷавонони тоҷик дар кишвар кори бояду шоядеро анҷом намедиҳем. Имрўз зарурати ҷорӣ намудани меъёри ҳатмие, ки бояд сатҳи савод, огоҳ будан аз қонун, рафтор ва фарҳангу тарзи либоспўшии ҷавононеро, ки ба муҳоҷират мераванд муайян намояд, пеш омадааст.
Дар ин замина, хуб мешуд илова бар касбомўзӣ вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш як барномаи мукаммали давлатиеро роҳандозӣ намоянд, ки гирифта аз масъалаи забономўзӣ то фарҳанги либоспўшии ҷавононро фаро гирад.
Агар аз лиҳози фарҳанги либоспўшӣ назар андозед, шинохтани ҷавонони мо дар Русия хеле осон аст. Аз чӣ бошад, ки чанд сол қабл либоси варзишӣ ва кроссовкаҳои тамғаи adidas (се хат) дошта ба либоси анъанавии муҳоҷирони мо табдил ёфта буд. Имрўз шояд тамғаи ширкатҳои тавлиди либос каме тағйир ёфтаанд, вале боз ҳамон либосу кроссовкаи варзишӣ ҷавонони моро аз дигар миллатҳо «тарҷеҳ » медиҳад. Пас чаро мо қонунеро ба тасвиб нарасонем, ки ба фурудгоҳҳо ворид шудани мардум бо либоси варзишӣ қатъиян манъ бошад.
Дар баъзе кишварҳои Ғарб ворид шудан ба муассисаҳои фарҳангӣ бо либоси кўчагӣ ё варзишӣ ғайриимкон аст. Дар донишгоҳу мактабҳои мо низ низоми либоси донишҷў ё талабаи мактаб ҷорист, вале аз дигар тараф иҷоза медиҳем, ки бо ин гуна либосҳо озод ба кишвари аврупоӣ, ки маркази тамаддуни башар аст, сафар кунанду миллати моро бо ин навҳ муаррифӣ намоянд…

пешина
аз 601
навбатӣ