Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Тоҷикони Россия чӣ тавсия медиҳанд?
Ҳангоми сўҳбат бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм Хуршед Сайидов ба утоқи кории ў як нафар марди миёнсол ворид шуд:

  • Шунидам, ки намояндагони ҲХДТ аз ватан омадаанд, мехостам чанд пешниҳодамро арз намоям,- гуфт ў бо табассум.
  • Ин кас акаи Ҳуснидин, чанд сол аст, ки дар Русия аз пешаи ронандагӣ нон мехўранд,- ўро муаррифӣ намуд Хуршед Сайидов.
  • Маълумоти олӣ надошта бошам ҳам, чун дар мактаби Шўравӣ таҳсил кардаам, забони русиро хуб медонам,
    -ба сўҳбат ҳамроҳ шуд акаи Ҳусниддин,- вале ба ҷавонони имрўза дилам месўзад. Онҳо ҳатто одитарин ҳуҷҷатро пур карда наметавонанд. Маҷбур мешаванд, ки маблағҳои зиёд сарф намуда, баъзе ҳуҷҷатҳои заруриро бо дасти дигарон пур кунанд. Чӣ мешуд агар дар барномаҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар барои хатмкунандагон соатҳои иловагии пур кардани баъзе санадҳои муҳим, кортҳои мигратсионӣ ва ё патент ҷорӣ намоянд? Бубинед,
  • бо таассуф гуфт ў, - ҷавонони мо ба андозае бесаводанд, ки ҳангоми вуруд ба хоки Русия дар корти мигратсионии худ ҳадафи сафарашонро меҳмонӣ ва ё таҳсил менависанд.
    Баъдтар, вақте ки барои гирифтани иҷозаи кор ва ё патент ба Хадамоти федеролии мигратсионии Русия муроҷиат менамоянд, чун ҳадафи сафар дигар аст, ба онҳо иҷозаи кор намедиҳанд. Маҷбур мешаванд, ки дубора марзи Русияро дар самти Украина ё Қазоқистон убур намуда, корти мигратсиониро аз нав ба тарзи дуруст тартиб диҳанд. Тасаввур намоед, ки чи гуна вақту маблағи зиёд беҳуда сарф мешавад?
  • Мушкили дигаре низ ҳаст, - илова мекунад Хуршед Сайидов, - агар дар мисоли шаҳри Перм бигирем, худи ҳамин сол чанд нафар ҷавонони тоҷик аз рўи квота барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин шаҳр омаданд, вале қисм зиёди онҳо ба иллати надоштани саводи казоӣ ва надонистани забони русӣ, як сол ҳам таҳсил накарда, аз муассисаҳои олӣ хориҷ шуданд.
пешина
аз 601
навбатӣ