Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷиҳати захираи мис, нуқра, тилло, қўрғошим, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг, обҳои минералӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳамчунин, захираҳои бузурги намак ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд.
Канданиҳои фоиданоки мамлакат ганҷи бебаҳоянд, аммо фақат истифодаи оқилона, пурсамар ва сарфакоронаи онҳо, чунон ки Эмомалӣ Раҳмон мудом таъкид менамояд, заминаи ободонии кишвар шуда метавонад. Муҳити мувофиқ, ки тайи солҳои охир ба вуҷуд оварда шудааст, ба маблағгузориҳои хориҷӣ дар кори азхудкунии васеи канданиҳои фоиданоки кишвар мусоидат хоҳад кард. Боиси қаноатмандист, ки дар муддати кўтоҳ беш аз 240 корхонаи гуногуни муштарак арзи вуҷуд намуд. Онҳо асосан бо дастгирии ширкатҳои хориҷӣ пайдо шуданд. Чунончи корхонаи муштараки британиягиву тоҷикии «Зарафшон»
барои истеҳсоли даҳ тонна тилло пешбинӣ шудааст. Корхонаи амрикоиву тоҷикӣ, ки ба истеҳсоли молҳои чармин махсус гардонида шудааст, ҳамчунин фабрикаи кешбофии Кореяи Ҷанубиву тоҷикии «Кабоол Тоҷиктекстайлз» ва ғайра низ ба ин мисол шуда метавонанд.
Мувофиқи Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ то солҳои наздиктарин кишвар бояд дар соҳаи муҳим - хоҷагии кишлоқ ва энергетика соҳибистиқлол гардад.
Ба деҳқонон тақсим карда додани 75 ҳазор гектар замин (дар мамлакате, ки 93 фоизи қаламраваш аз кўҳ иборат аст, ин иқдом воқеъан инқилоб буд) низ аҳамияти бузург дорад, зеро баъд аз ин истеҳсоли ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ чандин карат афзуд. Ин таҷриба собит менамояд, ки дар шароити бўҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои он, тақсими замин ба деҳқонон дар боздоштани пастравии истеҳсолот, авҷ гирифтани ташаббускорӣ аз поён нақши муҳим гузошта метавонад.

пешина
аз 601
навбатӣ