Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳам квота сўхт, ҳам як соли донишҷўён ба ҳадар рафт ва ҳам падару модарашон беҳуда маблағ сарф намуданд,- гуфт ў бо таассуф. Ба манфиати кор мебуд, агар қисми квотаҳоро байни фарзандони муҳоҷироне, ки дар мактабҳои Русия таҳсил менамоянд, аз тариқи имтиҳон тақсим мекарданд ва масъулияти иҷрои онро ба зиммаи Сафорати Тоҷикистон дар Федератсия Русия, консулгариҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон вогузор мекарданд.
Ба онҳо ваъда додам, ки баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳатман ин мавзўъро дар саҳифаҳои ҳафтанома пайгирӣ хоҳам кард. Итминон дорам, ки вазорату идораҳои дахлдор низ нисбати ин пешниҳодҳо бетараф нахоҳанд буд.

Ду дарси ибрат
Ҳанўз беш аз ҳазор сол қабл Одамушшуаро устод Рўдакӣ фармуда буд:
Ҳар, ки номўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеҷ н-омўзад, зи ҳеҷ омўзгор.
Дарвоқеъ, зиндагии инсон аз оғоз то ба анҷом омўхтан будааст ва дар ин ҷода раҳнамо агарчи устод аст, махуфтарин дарҳои асрорро ҳароина мактаби зиндагӣ боз мекунад. Дар ин сафар ду сўҳбат барои ман хеле хотирмон, балки ҳатто дарси ибрат буд, ки якеро ба ман пири солеҳу соҳибмаърифати гурҷӣ ва дигареро ҷавонони огоҳу соҳибдили тоҷик доданд…
Борҳо аз тариқи расонаҳо, пойгоҳҳои хабарӣ ва нақли муҳоҷирон шунидаам, ки дар мусофират душмани асосии тоҷикон худи тоҷиконанд, ки барои мақом, маблағ ва ё як шуғли ночизе ба сари ҳам теғи кина мекашанд, ба хотири шикаст додани якдигар аз хизмати гурўҳҳои ҷинойии маҳаллӣ истифода мебаранд.

пешина
аз 601
навбатӣ