ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳатто дар яке аз сафарҳои худ шоҳиди моҷарои ду соҳибкор будам, ки яке дигареро таҳдид мекард: «Агар маблағи фармудаамро овардӣ хуб, агар не доғистониҳоро ба сарат меорам, сарборӣ «доля»-и онҳоро ҳам медиҳӣ».
Қазияи қабристони «Хованский» ва гирудорҳои Маркази савдои «Москва» аз маъруфтарин намунаи ин моҷарои соли ахир буд, ки тоҷикон бо истифода аз «хизмат»-и мафияи маҳаллӣ бар зарари худ оташи фитна ангехтанд…
Вале, вақте бо мардуми муҳоҷир аз наздик ошно мешавӣ дарк мекунӣ, ки байни онҳо муҳаббату иттиҳод ва дастгириву кўмак бештар аз хушунату хиёнат аст, вале сад афсўс, ки амали нохуш зуд паҳн мешаваду кори нек зуд фаромўш. Мо журналистон низ кўшиш менамоем, ки ба хотири хонданӣ шудани матлаби худ аз хиёнату ноҷавонмардӣ бештар ҳарф занем, вале ба навиштани амалҳои нек камтар таваҷҷўҳ дорем. Андеша мекунем, ки агар воҳима камтар бошад, касе намехонад Нахустин сабақе, ки омўхтам эҳтиром ва муҳаббати ҷавонони тоҷик дар Екатеринбург, Перм ва Москва буд.
Агар Худо накунаду ба сари касе мусибат ояд, фавран ҷамъ шуда маслиҳат мекарданд, ки чӣ кўмак расонанд.
Маро қиссаи шаш нафар зане, ки бо яке аз хадамоти ватанӣ ба шаҳри Екатеринбург рафта, тўли чанд моҳ бо маоши ночизе дар ширкати ветнамиҳо кор мекарданд, ба риққат овард. Тасаввур кунед, шаш зани бесаробони тоҷик, ки ба хотири сер кардани шиками кўдакони худ тарки хонаву дар карда, ба муҳоҷират рафтаанду дар як моҳ беш аз 5000 рубли русӣ маош намегирифтанд, ки ҳатто ба буду боши худи онҳо дар мусофират намерасид. Ин бонувони сарсону овора маҷбур мешаванд, ки ба Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург муроҷиат намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо