Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сардори консулгарӣ Сафар Сафаров бо дастгирии соҳибкори тоҷик Бобоҷонов Раҳимҷон, ки тақрибан дар тамоми манотиқи Русия марказҳои савдо дорад, онҳоро бо шуғли муайян ва ҷои зист таъмин мекунад.
Бо вуҷуди он, ки синну сол ва маълумоту таҷрибаи ин модарон ба кори мо мувофиқат намекунад, ба хотири ҳамватан буданашон маҷбур шудем, ки ба кор қабул намоем ва қарзи роҳкирое, ки ширкати ветнамиҳо пардохта буд, бозгардонем, - мегўяд директори маркази савдо Сайвалӣ Ҳоҷиев.
Борҳо шоҳиди он будам, ки аз якдигар мепурсиданд:
«Ҳоли фалонӣ, ки дар роҳи Челябинск ба садама гирифтор шудааст, чи гуна бошад? Оё кумаке лозим аст?» Ва ё ба хотири ҳамватанашон будан зуд-зуд аз ман мепурсиданд:
«ҳаво сард аст, мабодо хунук нахўрдед?», «чи хизмат кунам, гурусна намондед?», «мошини ман ба хизмат тайёр аст, куҷо барам?» ва мисли ин…
Ман тақрибан ин ҷавононро намешинохтам, вале одамияту ҷавонмардиашон дар пояе қарор дошт, ки одамро ба ҳайрат меовард. Аз меҳрубониҳои онҳо хеле дар хиҷолат будем ва гоҳо мунфаилу шармсор мегуфтем «Хизмате барои Шумо анҷом надодем, заҳмат накашед», вале дар посух мешунидам, ки ҳамин аз ҳоли муҳоҷирон хабар гирифтанатон бузургтарин хизмат аст. Воқеан ин яке аз дарсҳои бузурги саховату ҷавонмардӣ буд, ки аз инсонҳои комили ба синну сол хеле ҷавонтар аз худ омўхтам.
Сабақи дигар бардошт аз сўҳбати вайберӣ бо актёри маъруфи гурҷӣ Вахтанг Кикабидзе буд, ки як соҳибкори гурҷӣ аз хешовандони ин одами наҷиб ба хотири эътиқод доштанам ба ҳунари асили ў ба ман фароҳам овард. Вақти сўҳбат ҳунарманди шўҳратёри гурҷӣ гуфт: «Ту ҳоло марди ҷавонӣ, аз хушиҳои зиндагӣ баҳраварӣ, вале чеҳраи хеле ҷиддӣ ва хаста дорӣ. Синни ман ба таки ҳаштод расидааст, даҳҳо беморӣ дорам, шояд аз умрам ҳам чору панҷе беш намондааст, вале пайваста табассум мекунам.

пешина
аз 601
навбатӣ