ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ту ҳам табассум кун, ки таъби дигаронро хуш кунӣ. Агар дар олам ҳама сидқан табассум мекарданд, касе бемор намешуд, пир намешуд, садои шуми тиру тўп ҳеҷ гоҳ ба гўш намерасид…».
Нақшҳои офаридаи ўро ба хотир меорам. Шояд сирри маҳбубияти ў байни мардум табассуми сеҳрнокаш буд, ки ба атрофиён рўҳу тавон мебахшид, дили онҳоро ба зиндагӣ гарм мекард.
Ҷое ки кор ҳаст, эҳтиром ҳаст Яке аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудани ҳимояи ҳуқуқии онҳо аст. Имрўз теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик, ки бегуноҳанд ва ё ҷурми ночизе содир намудаанд, дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия қарор доранд. Вале ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқи онҳоро ҳимоя кунад тақрибан вуҷуд надоранд ва ё бошанд ҳам аз фаъолияташон касе дарак надорад. Ҷамъиятҳои зиёди тоҷикон дар тамоми манотиқи Русия фаъоланд, вале ҷанбаи асосии фаъолияти онҳо бо дастгирии иҷтимоӣ ва таблиғи арзишҳои милливу баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ маҳдуд шудааст. Дар рафти сафар бо муҳоҷирони зиёде мулоқот доштем, ки аз набудани ёрии ҳуқуқӣ шикоят мекарданд. Зимнан хеле хуб мешуд агар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо ҷамъиятҳои тоҷикони Русия сари ин масъала андеша мекарданд ва ба хотири ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъиятҳои махсусе, ки иборат аз ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони варзида аст, таъсис медоданд. Чунки ин масъала на танҳо заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ, балки сиёсӣ низ дорад. Эътимоди муҳоҷирони тоҷикро нисбат ба сиёсати Давлат ва Ҳукумат тақвияти бештаре медиҳад.
Дар рафти сафар шоҳиди он будем, ки дар манотиқе, ки намояндагии расмии Тоҷикистон фаъол аст, то кадом андоза муҳоҷирон эҳтиром ба Давлату Ҳукумат доранд ва гуррўҳои манфиатдори сиёсиву иртиҷоие, ки ҳадафашон зидди сиёсати давлат ангеза додани муҳоҷирон аст, таъсирашон ночиз...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо