ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар шаҳри Перм роҳбари ҷамъияти тоҷикони Приволжие Одинаев Сайфиддин ва ҳамтои ў роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм Сайидов Хуршед нақл карданд, ки чанд нафар намояндагони муҳоҷирони тоҷик ба хотири мулоқот бо Сардори консулгарии генералии Тоҷикистон ва ҳалли баъзе мушкилот ба шаҳри Екатеринбург меоянд.
Вақте онҳо вориди бинои консуланрӣ мешаванд, нафареро мебинанд, ки барои омода кардани ҳуҷҷат ба муҳоҷирон кўмак мекард. Чун ба фаросат дармеёбанд, ки корманди консулгарӣ аст, аз ў хоҳиш мекунанд, ки то уттоқи Сардор онҳоро раҳнамоӣ кунад. Он шахс бо шўхӣ мегўяд, ки аз дидани Сардори консулгарӣ ба шумо чӣ манфиат ва хоҳиш мекунад, ки андаке таҳаммул кунанд, то ў корашро ба анҷом расонад. Меҳмонон ноҳинҷор мешаванд ва андаке бо лаҳни дурушт мегўянд, ки аз роҳи дур, шаҳри Уфа омадаанд, наход як хоҳиши кўчаки онҳоро иҷобат кардан ин қадар душвор бошад?
Мард аз онҳо узрхоҳӣ мекунад ва ба уттоқи кории Сардор даъват намуда, бо табассуми малеҳ мегўяд: «Ман Сафар Сафаров, сардори консулгарӣ, бори дигар узр мепурсам, ман надонистам, ки шумо меҳмон ва аз роҳи дур омадед». Намояндагон баъд аз баргаштан, нақл мекунанд, ки мо гумон намекардем, ки як роҳбари соҳибмақом, мисли як корманди оддӣ ба муҳоҷирон барои таҳияи ҳуҷҷат шахсан ёрӣ мерасонад. Мушкили моро низ ба зуддӣ ҳал кард. Хеле хиҷолатзада будем ва аз шарм наметавонистем, ки ба рўяш нигоҳ кунем.
Дар аксари мулоқотҳое, ки бо муҳоҷирон доштему, сардори консулгарӣ бо вуҷуди серкор буданаш моро ҳамроҳӣ мекард, муҳоҷирон ўро бо чеҳраи кушод ва эҳтироми хосса истиқбол мегирифтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо