Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шояд фаъолияти хуби Консулгарии Генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург буд, ки мо дар сўҳбату мулоқот бо муҳоҷирон як ҳарфи эътироз нашунидем…
Душанбе, с. 2016

КӢ ОТАШ МЕЗАНАДУ
КӢ ҲЕЗУМ МЕКАШАД…

Чанд соли ахир аст, ки ҷаҳони Ислом дар оташу ҷангу хушунат аланга мезанад. Миллионҳо нафар мардуми осоиштаи кишварҳои мусалмоннишин, ҳатто занону кўдакони бегуноҳ, ки комилан ба сиёсату диёнат ҳеҷ гуна иртибот надоранд ба иллали бозиҳои геополитикӣ, геостротегӣ ва геоиқтисодии кишварҳои абарқудрат ба хун оғушта мешаванд ва ё хонаву дар, ҳаёти орому осоиштаи худро аз даст дода, ба ҳукми барда ба кишварҳое, ки ҳаргиз эшонро ба ҳайси як шаҳрванди комилҳуқуқи худ қабул нахоҳанд кард, муҳоҷир мешаванд.
Банда сари навиштани ин мақола хеле андеша кардам.
Агар бо рамзу ишораву маҷоз чизе бинависам шояд навиштаҳо боз норўшан монанд. Агар ошкоро ҳарф занам мабод, ки ба сард кардани муносибатҳои дипломатӣ бо баъзе кишварҳо муттаҳам кунанд. Вале чи илоҷ, ки имрўз дар сиёсати бузург забони дипломатия аз забони воқеият ва ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Пас дуруст ин аст, ки аз ҳақиқат ҳарф занем…
Биёед назар меафканем ба 20-30 соли пеш, ки мардуми мусалмон дар манотиқи араб чӣ гуна ба сар мебурданд. Дар Ироқ мардум аз лиҳози иҷтимоӣ комилан бениёз буданд.
Мактабу боғчаҳои кўдакона, беморхонаҳо комилан ройгон дар хизмати мардум қарор доштанд.

пешина
аз 601
навбатӣ