Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сўзишворӣ ига иол рамзӣ ба фурўш бароварда мешуд. Хонаҳои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳрҳои бузург ба мардум аз ҷониби давлат тақдим карда мешуданд. Дар Либия бошад дар давраи ҳукмронии Муаммар Қаззофӣ барои ҳар узви оила давлат ҳамасола 1000 доллар ёрии пулӣ (дотатсия) мерасонид. Маоши ҳамшираи шавқат 1000 долларро ташкил медод, бекорон бошанд ҳар моҳ 730 доллар кўмакпулӣ мегирифтанд. Ба ҳар як кўдаки таваллудшуда аз ҷониби давлат 7000 ва барои навхонадорон 64000 доллар барои харидани хона тақдим мешуд. Таҳсил, табобат, барқ, об ройгон, 50% арзиши автомобилеро, ки шаҳрванд мехарад, аз ҷониби давлат пардохт мешуд. Дар Сурия мардуми мусалмон, масеҳӣ, язидӣ ва алавӣ дар як кўча зиндагӣ мекарданд ва бо ҳам ҳеҷ ихтилофе надоштанд. Паҳлўи масҷиди мусалмонӣ калисои масеҳӣ қарор дошт ва мардуми дину мазҳаби гуногун баъд аз ибодат дар як қаҳвахона паҳлўи ҳам нишаста, аз як финҷон қаҳва менўшиданд.
Дар давраи Саддом Ҳусейн масеҳиҳо дар яке аз хиёбонҳои бонуфузӣ Бағдод зиндагӣ мекарданд. Ториқ Азизи масеҳӣ (номи аслиааш Микоил Юҳанна) шахси дуввуми давлат ва яке аз наздиктарин дўстони Саддам буд.
Вале бубинед, ки имрўз ин мардум дар чи ҳол қарор дорад? Дар ободтарин шаҳру рустоҳои ин кишварҳо, ки ҳанўз аз дасти ДОИШ ба коми оташ нарафтааст, муаллим, духтур ва ё муҳандис, ки 20-30 сол қабл маошашон бо ҳазорҳо доллар баробар буд, баъд аз вазидани «насими гуворои» «Баҳори араб» 2-4 доллар мегиранд, ки ҳатто қути лоямут намешавад…
Суол ин аст, ки бар ивази «зулму истибдод»-и Саддомҳову Қаззофиҳо, ки шароити беҳтаринӣ зистро барои мардумашон фароҳам оварда буданд, кӣ «озодиву демократия»-и ҳамоҳанг бо қатлу куштор ва гуруснагиву нодориро ба сари ин мардум таҳмил кард?

пешина
аз 601
навбатӣ