Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аксарият бар ин андешанд, ки ин як нақшаи тарҳрезишудаи олами ғарб аст, ки ҳадафҳои геополитикии худро дар ин кишварҳо новобаста аз қурбониҳои зиёд пиёда месозанд. Як зумра ҳадс мезанад, ки аслан пояҳои ин ҷангу хунрезӣ бар ҳадафҳои геоиқтисодии кишварҳои ғарб буда, то нафт ягона захираи стратегии кишварҳои араб боқӣ мемонад, ҳеҷ гоҳ мардуми азияткашидаи ин кишварҳо рўи сулҳу оромиро намебинанд. Бахши дигаре аз коршиносон инро идомаи «юриши салибӣ» мешуморанд, ки садсолаҳо қабл аз ин олами шарқро ба хуну хок кашида буд ва имрўз дар шакли дигар роҳандозӣ мешавад. Иддае инро ба тарзи зист ва расму оини мусалмонон ҳавола мекунанд ва ҷор мезананд, ки «аслан ҳар куҷое мусалмон ҳаст, ногузир аз ҷангу хунрезӣ ва террор пайгирӣ мешавад»…
Ва воқеан ҳам фарзияи сеюм, ки шояд нисбатан омиёна ҳам бошад, шахсро ба андеша водор месозад: Агар мардуми мусалмон майл ба ҷангу хунрезӣ надошта ига иол ҳанўз аз асорати иделогии асри миёна раҳо наёфта бошад оё қуввае ё қудрате метавонад, ки дар қарни 21 онҳоро водор созад то ватан, таъриху фарҳанг, расму оини ҳазорсола ва ҳатто волидайн ва бародару хоҳари худро ба хоку хун яксон созад? Ҳаргиз!
Коргардонҳое, ки тарҳи ин хунрезиҳоро дар олами шарқ мекашанд, хислати актёрони «соҳибистеъдод»-и ин саҳнаҳои мудҳишро хуб омўхтаанд ва медонанд, ки ҳама кор дар доираи «сенария»-ҳои матраҳнамудаи онҳо сурат мегирад.
Биёед бидуни хотирбинӣ ба нақши баъзе аз кишварҳои ба истилоҳи аврупоиҳо Шарқи наздику миёна дар минтақа аз зовияи диди ҳақиқат назар афканем. Кишварҳои нисбатан пуриқтидору пешрафтаи Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Покистон оё кореро анҷом додаанд, ки боиси пешгирии ҷангу хунрезӣ дар минтақа шавад ва ё баракс ба оташи ҷанги ин кишварҳо, ки аловмони асосӣ кишварҳои ғарб будаанд, ҳезум кашидаанд?

пешина
аз 601
навбатӣ