ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Агар ба сиёсати чанд даҳсолаи ахири ин кишварҳо назар афканем аксари ин кишварҳо шарикони стратегии ИМА будаанд.
Чанде қабл Президенти ИМА Барак Обама ба лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби сенат ва конгреси Амрико ҷонибдорӣ шуд, аз салоҳияташ истифода намуда, «вето» (рад) гузошт. Қонуни мазкур дар ҳоли қабул гардидан ба оилаҳо ва шаҳрвандони аз террор ҷабрдидаи Амрико имкон медод, ки аз кишварҳои пуштибони терроризм ҷуброн талаб кунанд. Шояд суоле ба миён ояд, ки ин қонун ба фаъолияти Обама ҳамчун Президент чӣ халале ворид месохт? Ин ҷо «сир» дар он аст, ки дар ҳоли қабул гардидани қонуни мазкур, нахуст Арабистони Саудӣ мавриди ҳадафи даъвогарони ҷубронталаби амрикоӣ қарор мегирифт, ки ба муносибати стратегии ҳарду кишвар латма мезад. Пас Барак Ҳусейн Обама, ки инро худ низ таъйид намуд, бо зид баромадан алайҳи қабули ин қонун ошкоро иқрор кард, ки Арабистони Саудӣ кишвари пуштибони терористон аст.
Гузашта аз ин, чанде қабл дар яке аз бонуфузтарин рўзномаҳои ИМА «Ню-Йорк Таймс» (New York Times) мақолаи вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф ба нашр расид, ки дар он муаллиф кишварҳои ғарбро дар бозиҳои сиёсии Арабистони Саудӣ шарик меҳисобад. Ў дар мақолаи худ таъйид намудааст, ки тавре баъзе аз расонаҳои ғарбӣ ва Арабистони Саудӣ таблиғ менамоянд имрўз мушкилӣ ва ё ҷанг байни сунъимазҳабон ва шиамазҳабон вуҷуд надорад. Балки ин ваҳобия аст, ки ба тамоми «муртадон»
; масеҳиён, язидиҳо, шииён ва бахусус суннимазҳабоне, ки бештар аз ҳама бори ҷабру зулми эшонро таҳаммул намудаанд, ҷанг эълон кардааст. Ў тамоми қувваҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ал-Қоида», «Толибон», «Бокуҳарам», «ДОИШ» ва мисли инро шохаҳои ваҳобия медонад ва аз он ҳушдор медиҳад, ки аз тағйири ном кардан инҳо ҳеҷ гоҳ «мўътадил» нахоҳанд шуд: «Аз ҳамлаи террористии 11 сентябр то кунун ваҳобияти ҷангталаб чанд бор тағйири чеҳра дода, аммо дар идеология ва машйи (ҳадафи) бунёдии он тағйире ҳосил нашуда…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор