ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Балки ин боз як фиреби навбатии Арабистони Саудӣ ва пуштубони ў аз он сўи уқёнус аст, ки «мехоҳад баъзе давлатҳои ғарбиро васваса намояд, то аз ин ба истилоҳ «мўътадилон» ҳимоят намоянд».
Муаллиф дар фарҷоми мақолааш аз кишварҳои ҷаҳон даъват менамояд: «Ҷаҳон дигар наметавонад наззорагари куштори на танҳо масеҳиён ва шииён, балки сунниҳо тавассути ваҳобиҳо бошад. Дар шароите, ки ошўб бахши зиёде аз Ховари Миёнаро фаро гирифтааст, ин хатари бузург вуҷуд дорад, ки чанд нуқтаи босуботи боқимонда низ дар даргирӣ байни ваҳҳобият ва аҳли суннат дучори бесуботӣ гардад».
Нуктаи ҷолиби дигар дар мақола ин аст, ки Ҷавод Зариф пешниҳод менамояд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид қатъи дастгирии молӣ аз гурўҳҳои радикалии моил бар нафрат ва ифрот ба роҳ монда шавад.
Шояд сад дар сад бо гуфтаҳои Ҷавод Зариф ҳамфикр бошам. Вале, ин ҷо як чиз маро ба таҳаммул водор месозад, хонандаи азиз. Оё Ҷумҳурии Исломии Эрон худ то куҷо дар ин масир тасмим гирифта метавонад? Тавре, ки ҷаноби Вазири корҳои хориҷии Эрон даъват намудааст, яъне аз дастгирии молии созмонҳои «мубтанӣ бар нафрат ва ифрот» метавонад ҷилавгирӣ бикунад?
Ҳанўз аз гўшҳои мардуми хонабардўшшудаи тоҷик садоҳои «Золимин, золимин марг ба найрангатон! Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чангатон!» ва ё «Ваҳдаҳу, ваҳдаҳу ваҳдаҳу ваҳдаҳ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор