ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ло шарик, ло шарик, ло шарика лаҳ!», ки фазои майдонҳои солҳои 90 пойтахтро фаро гирифта буданд, фаромўш нашудааст. Ин шиорҳо аз эҷодиёти майдоннишинони тоҷик набуд, балки ҳамон нидоҳои «Амрико, Амрико марг бе найранге ту! Хуни шаҳидоне мо мичакад аз чанге ту!» буд, ки дар хиёбонҳои Теҳрон садо медод ва бо «дасти сабук»-и баъзе рўҳониёни сиёсатмадор ҳадафмандона ба майдонҳои мо таҳмил шуд. Мутаассифона имрўз низ чанде аз «майдонмардон»-и ҷабҳаҳои ҷангу куштори кишвар дар баъзе доираҳои Эрони бародар пуштибонӣ меёбанд ва бо умеди рўзи ошўб дар ин сангар гирифтаанд.
Ҳайҳот, ки сиёсати кишварҳои мусалмонии минтақа ба дараҷҷае печида ва манфиатхоҳии онҳо то андозае бар пояҳои нафс қарор гирифтааст, ки ба гумон аст то чанд соли дигар сулҳу оромӣ дар мамолики шарқ пойдор гардад. Агар ҳар яке аз ин давлатҳои бозигари минтақа ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мазҳабии худро новобаста аз зарари ҳамсоякишварҳои худ пиёда созанд, баръакс оташи ин ҷанг бештару баландтар аланга хоҳад зад.
Биёед сари ин маънӣ андеша ронем. Чаро Арабистони Саудӣ ва Туркия амнияти Сурия ва сари қудрат будани Башор Асадро намехоҳанду ИМА тасмими ин ду кишварро ҷонибдорӣ менамояд ва ё чаро Эрон баръакс аз сиёсати Башор Асад дастгирӣ менамояду Русия низ бо он ҳамоҳанг аст. Чаро? Шояд ба ин хотир, ки Башор Асад алавии шиамазҳаб асту, Эрон аз ў пуштибонӣ дорад, вале Туркияву Арабистони Саудӣ мухолифанд? Ба гумон… Башор Асад аслан як шахси секулёрӣ (дунявӣ) буда, дар литсейи арабиву фаронсавӣ таҳсил кардааст ва баъд аз хатми донишгоҳ ҳатто дар беморхонаи Марями Муқаддаси (!) шаҳри Лондон таҷриба омўхтааст. Шахси хеле таҳаммулпазир асту бо ҳамаи дину мазҳабҳо муносибати баробар дорад. Русия низ, ки мусалмононаш ғолибан суннимазҳабанд ҳаргиз ҷонибдори ихтилоф бо ин қавм нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор