ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Сабаби ин даргириҳоро яке аз журналистони шинохта ғарб Уильям Энгдаль хеле хуб шарҳ додааст. Ў дар яке аз мақолаҳои худ «Муоҳидаи махфии амрикоиву саудӣ доир ба Сурия ва ҷанги лўлаҳои нафту газ» менависад, ки соли 2009 бо луқмаи Вашингтон ва Ар-Риёз, Қатар ба Башор Асад пешниҳод кард, ки аз кони истихроҷи гази «Шимолӣ» (воқъ дар Қатар) тавассути Сурия ба Туркия лўлаҳои газ гузаронида шаванд. Башор Асад хуб медонист, ки ин шартномаи ба назар иқтисодӣ аслан сифр сиёсӣ аст ва метавонад, ки ба манфиатҳои шарикони стратегиаш Эрон ва Русия зарба занад. Аз ин лиҳоз ў ба Қатар ҷавоби рад дода, баръакс соли 2011 лоиҳаи Эрон-Ироқ-Сурияро ҷонибдорӣ намуд, ки кашидани лўлаи газро аз кони истихроҷи гази «Форси Ҷанубӣ»-и ҶИЭ дар назар дорад. Ҳамин иқдом косаи сабри ИМА ва шарикони ўро лабрез кард ва боис гардид, ки дар Шарқи наздик оташи ошўбу фитна аланга занад.
Чаро? Чаро, ки Вашингтон мехост гази Қатар ва нафти Ар-Риёзро аз тариқи Сурия ба Туркия интиқол диҳад ва ба ҳамин минвол вобастагии энержии аврупоро аз «Газпром»-и Русия коҳиш дода, бо як тир ду нишон занад. Яъне аз як ҷониб ба иқтисодиёти Русия, ки солҳои охир «ҷоҳталабӣ» (имперские амбиции) дорад зарбаи ҷонкоҳ занад ва аз дигар тараф тавассути кишварҳои таҳти тассалуташ дар Шарқи Наздик бозори энержии аврупоро таҳти контрол гирад. Инчунин, суқути режими Суриё ва ба минтақаи ноамн табдил ёфтани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Русия ҳамсарҳаданд низ ба манфиати ИМА аст. Пас муқовимати ИМА ва Русия дар Суриё, ки рўз то рўз шиддат мегирад ба истилоҳе муборизаи маргу зиндагист.
Вале…Чаро Ар-Риёз, Анқара, Доҳа, Теҳрон, ки такягоҳ ва ба қавле соҳиби «зиндаву мурдаи» мусалмононанд ба ҷои пешгирӣ аз ин ҷанги мусалмонкуш ба оташи он равған мерезанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор