Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бубинед, ки дар натиҷаи ин даргириҳо қадимтарин шаҳру русто, нодиртарин ёдгориҳои таърихи башарият, ки аз ҳазорсолаҳо то ба мо бегазанд расидаанду нишоне аз таъриху фарҳанги миллати араб маҳсуб мешаванд, дар кўтоҳтарин фосилаи таърихӣ бебозгашт ба хок яксон шудаанд. Имрўз араб бо дасти дигарон на танҳо падару модар ва зану фарзанди худ, балки мероси гаронбаҳои ниёкон, хотираи таърихии хешро маҳв месозад. Наход танҳо ба хотири нафс? Нафсе, ки олудаи нафту хун аст…
Таърих ин ҳофизаи миллат аст. Миллате, ки таърих, яъне ҳофизаи худро аз даст дод, дигар ба як қавм ё қабилае табдил меёбад, ки он ҳарчи хоҳанд, хоҳанд кард…
Дар ин қазия мояи ҳайрат ин аст, ки ин кишварҳои соҳибфатвои минтақа ба хотири чанд «пайсадоллар» хонаи худро оташ зада истодаанд, ки ҷурмаш аз зулми абарқудратони ҷоҳталаби ғарб ҳазор раҳ бештар аст. Беномусӣ, дуруягӣ ва беимониро то ба ҳадде расонидаанд, ки ба хотири «қонунӣ» кардани ин ваҳшоният аз номи Худованд фатво медиҳанд. Оё онҳо аз ояҳои раббонии : «Ва ҳаргиз дар замин пас аз он ки корҳои он назму салоҳ ёфт ба фасод ва табоҳкорӣ барнахезед, ва Худойро ҳам аз роҳи бим ва ҳам аз рўи уммед бихонед, ки албатта раҳмати Худо ба накўкорон наздик аст» (сурраи 7, ояти 56) нахондаанд?! Ва ё ба каломи раббонӣ ҳеҷ имон надоранду алайҳи ин фармудаҳои Худованд даст ба куштору табоҳкорӣ мезананд?!
Феълан Арабистони Саудӣ ва Эрон, ки кишвари аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ дар минтақа нисбатан тавоно маҳсуб мешаванд, дар ду ҷабҳа муқовимат доранд: дар Сурия ва Яман. Дар Сурия Арабистони Саудӣ пуштубони мухолифин аст, вале Эрон ҷонибдори Башор Асад, президенти қонунии Сурия.

пешина
аз 601
навбатӣ