Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар Яман бошад баръакс Эрон ҷонибдори мухолифони ҳукумат, вале Арабистони Сауди ҷонибдори Президенти Яман. Ин муқовиматро кайҳо дар Ғарб ба истилоҳи англисӣ «a proxy war» унвон кардаанд, ки маънояш «ҷанги супоришӣ» аст.
Агар имрўз ин кишварҳои қудратманди мусалмонӣ бо «супориш» ба сари якдигар шамшер мекашанду бедареғ хуни якдигар мерезанд, пас Созмони конфронси исломӣ (Organization of Islamic Conferences – соли 1962 дар Работ (Мароканд) таъсис ёфта, имруз 57 мамлакати дунёро муттаҳид намудааст. Яке аз ҳадафҳои асосиаш дастгирии сулҳ ва амнияти кишварҳои мусалмонӣ), Конгресси умумиҷаҳонии исломӣ (КУИ – соли 1926 таъсис ёфта, аз соли 1949 фаъолият дорад. Намояндагони 36 мамлакатро мутаҳҳид менамояд. Дорои марказҳои тадқиқотӣ ва ВАО аст), 318ига иолами ислом (ЛОИ- соли 1962), Шўрои аврупоии исломӣ (ШАИ- соли 1973, 12 мамлакати Аврупо шомиланд) ва мисли ин созмонҳои исломӣ, ки ҳадафи аслиашон пойдории сулҳу оромӣ ва рушди муназзами кишварҳои мусалмонист, бо чӣ кор машғуланд? Наход аз ин қадар куштору хунрезӣ, ба хок яксон шудани қадимтарин шаҳрҳои таърихӣ, сарсониву парешонии милионҳо мусалмонон пинакашон вайрон нашавад? Пас, оё аз он ки ин ҷанобон ҳамасола чанд маротиба дар анҷуманҳо ҷамъ мешаванду ришу дастор меҷунбонанд, ба миллионҳо мардуми мусалмон суде ҳаст? Афсўс, ки не!
Хеле ва хеле нигароникунанда аст, ки садои ин ошўбу фитнаҳо рўз то рўз ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ наздик мешавад. Ҷангиёни радикалие, ки имрўз дар Сурия таҳти таъзиқи эътилоф (Русия, Эрон ва Сурия) қарор доранд, ба Афғонистон кўч мебанданд. Байни сарҳади Покистон ва Афғонистон марзе бо унвони «минтақаи қабилаҳои озод» мавҷуд аст, ки таҳти контроли ягон давлат қарор надорад ва қувваҳои номбурда онро ба истеҳкоми мустаҳками ҳарбӣ табдил додаанд.

пешина
аз 601
навбатӣ