Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз пўшида нест, ки гурўҳҳои толибон ва ДОИШ бо дастгирии эътилофи зиддитеррори кишварҳои ғарб аз ҳамин минтақа ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешаванд, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад.
Агар ба таърихи башарият назар афканем, ҷангҳои диниву мазҳабӣ аз даҳшатноктарин бархўрдҳо маҳсуб мешуданд. Собит шудааст, ки агар оташи ҷанг дар ин замина аланга гирад, пешгирии он хеле мураккаб аст ва он базудӣ паҳн шуда, тару хушкро ба комаш мекашад.
Пас дастандаркороне, ки дар Вашингтон, Ар-Риёз, Доҳа ва ё Анқара нишастаанду таълимоти ваҳобияро аслиҳаи худ интихоб кардаанд, бояд чашми худро боз кунанд ва аз лўлаҳои газу нафти худ дуртарро бубинанд. Вагарна рўзе дарк хоҳанд кард, ин тухми фитнае, ки киштаанду бо хуни мардуми бегуноҳ об медиҳанд, ҳосили марги онҳоро хоҳад дод. Вале афсўс, ки дер хоҳад шуд…
Душанбе, с.2015

ЧАРО МО УСУЛИ БУТЕЙКОРО ЭЪТИРОФ
НАМЕКУНЕМ?
ва ё бардоште аз мусоҳиба бо бемороне, ки бо ин усул шифо ёфтаанд

Ҳар ибтикори нав дар оғоз ба зиддияти сангин мувоҷеҳ мешавад. Шояд табиати инсон ҳамин бошад, ки ба
чизи урфӣ ва суннатӣ сахт меҳр мебандад ва падидаи нав
бо ҳама бартарияш барояш чизи бегона аст ва онро ба ҳеҷ
ваҷҳ қабул надорад. Вале як чиз мусаллам аст, ки бидуни
навоварӣ ва таҳаввулот дар илму афкор пешравии ҷомеа ғайриимкон аст.

пешина
аз 601
навбатӣ