Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бахусус имрўз, дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои иноватсионӣ, ки ҳар дақиқа чизи наве ихтироъ мешавад ва ҷои чизи кўҳнаро мегирад…
Агар мо ба таърихи миллати худ назар афканем дарк мекунем, ки баъзе амалдорону рўҳониёни сарсахт то кадом андоза рўзгори олимон ва ихтирокоронеро, ки баъдтар офаридаҳояшон барои рушду пешравии тамаддуни ҷаҳонӣ хизмати хеле назаррас анҷом додааст, талх кардаанд. Ҳаёти бузургоне мисли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, Розӣ ва Камоли Хуҷандиро ба хотир овардан кифоя аст, ки якеро дар чашм мил кашидаву дигареро кофар эълон кардаанд ва савуми дур аз Ватан дар ғурбату муфлисӣ порае хишт зери сар ҷон ба Ҳақ таслим кардааст…
Вале қаҳрамони мақолаи банда аз табори бузургоне нест, ки шояд дар риштаи илм кори ҷаҳониеро анҷом дода бошад. Балки як табиби оддист, ки мехоҳад бо усули нав, яъне бидуни истеъмоли доруи зиёд маризонро табобат кунад. Дар бораи ў қабл аз ман ҳам дар рўзномаҳо мақолаҳои зиёд навиштаанд ва дар шабакаҳои мухталифи телевизионии кишвар барномаҳо пахш кардаанд. Аммо ҳеҷ не, ки мушкилаш осон шавад... Чаро?
Барои он, ки ин усули табобат комилан аз усули табобатии тибби суннативу замонавӣ тафовут дорад- мегўяд ҳамсўҳбати ман Мирзоқурбон Ҳамдамов. Бубинед, ки имрўз дар ҳар як шаҳру навоҳии кишвари мо садҳо аптекаҳои доруфурўшӣ амал мекунанд. Гардиши рўзмарраи дору ба миллионҳо сомонӣ мерасад. Агар ин доруҳо фоида мекарданд оё кори доруфурўшон рўз то рўз ривоҷ меёфт?
На!
Пас Шумо чӣ пешниҳод доред?- мепурсам аз ў. Ў ишорачўбро (указка) гирифта назди лавҳае меравад, ки дар он рақамҳои барои ман номаълум сабт шудаанд: - Усуле, ки ман пешниҳод мекунам ихтирои ман нест, балки методи профессор Константин Павлович Бутейко аст, ки имрўз дар кишварҳои мисли Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Русия ва ҳатто Чин, ки бо тибби суннатии худ ифтихор дорад, маъмул аст.

пешина
аз 601
навбатӣ