ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Имрўз дар Британияи Кабир аз рўи ин усул мутахассис тайёр мекунанд. Муаллифи ин усул профессор Бутейко собит намудааст, ки усули дурусти нафаскашӣ дар организми инсон таносуби кислород ва гази карбонро ба танзим медарорад. Яъне кислород бояд 4-4,5% ва гази карбон 6-6,5 % бошад. Бубинед, ки саг дар як дақиқа 40 маротиба, инсон 15-17 маротиба ва сангпушт 1-3 маротиба нафас мекашанд. Мутаносибан саг 20 сол, инсон 70-80 сол ва сангпушт то 500 сол умр мебинад. Вақти зудзуд ва ё чуқур нафас кашидан мо гази карбонро аз бадан хориҷ мекунем, ки ба ихтилоҷи рагҳои хунгард (спазма) ва нарасидани кислород сабаб мегардад.
Мирзоқурбон Ҳамдамов табиби соҳибдиплом аст, солҳои тўлонӣ дар бемористонҳои шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Ў нақл мекунад, ки ҳангоми табобати беморон ҳолатҳоеро муоина менамуд, ки ёфтани илоҷи он дар тибби муосир ғайриимкон буд. Ў ба суолҳои худ пайваста посух меҷуст, вале бенатиҷа. Тасодуфан мақолаеро дар бораи фаъолияти К.П. Бутейко дар рўзнома қироат мекунад ва бо ин шахси шинохта дар тамос мешавад. Бутейка ба суолҳои ў посухи дуруст медиҳад ва ўро барои таҳсил ба шаҳри Новосибирск даъват мекунад. Ҳамин тавр соли 1983 баъд аз мулоқот бо Константин Павлович Бутейко тасаввуроташ дар мавриди усулҳои табобати муосир комилан тағйир меёбад. Мирзоқурбон Ҳамдамов имрўз дар кишвари мо ягона табиб аст, ки барои бо усули Бутейкои машҳур табобат кардан иҷозатнома дорад.
Ба Маркази эҳёи солимии «Ҳамдам» ворид мешавам.
Маркази мазкур дар як гўшаи шаҳри Хуҷанд, дар назди бозори ба истилоҳи мардум «микрорайони 34» дар бинои якошёна воқеъ буда, аз чанд утоқи корӣ иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор