Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар утоқи кории роҳбари марказ чеҳраҳои ошноро мебинам, ки дар байни онҳо табиби шинохта Муллозуҳур Тоҳирӣ низ нишастааст.
Ман бо усули табобати Мирзоқурбон Ҳамдамов солҳои туълонист, ки шинос ҳастам,- мегўяд доктор Тоҳирӣ.
Ин усул дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия хеле машҳур аст, вале чаро, ки дар кишвари мо ба он таваҷҷўҳ надоранд. Бо ин кас сўҳбат кунед, нависед шояд баъд аз мақолаи Шумо масъулин соҳа ба фаъолияти ў каме эътибор диҳанд.
Бо худи бемороне, ки дар ин марказ табобат ёфтаанд мусоҳиб шаванд беҳтар аст,- хоҳиши ўро рад мекунад мизбон. Ин пешниҳод ба камина низ хуш омад. Ҳар кас метавонад ба кори худ баҳо диҳад, вале агар дигарон баҳо диҳанд ҳароина ба воқеият наздиктар аст.
Ба толори хеле кўчак мегузарем, ки тақрибан 20 ҷои нишаст дорад. Дар он ҷо чанд нафар марду занро мебинам, ки аз шаҳру навоҳии гуногуни вилоят ташриф овардаанд. Мирзоқурбон Ҳамдамов эшонро ба ихтиёри ман мегузораду оҳиста аз толор берун мешавад.
Дар болои миз «таърихчаи тиббӣ»-и чанд нафар бемор. Як-як варақ мезанам. Ғолибан таърихи бемориҳое сабт шудаанд, ки музмин (хроническый) буда, аз назари тибби муосир табобати пурраи онҳо ғайриимкон аст ва бояд ба таври ҳамешагӣ таҳти назорати табибон бошанд.
Бо беморон сўҳбат мекунам. Бештари онҳо дар гузашта гирифтори бемориҳои вазнин буда, аз илоҷи дардашон ноумед будаанд. Ҳама ба хотири мулоқот бо банда аз шаҳру навоҳии мухталифи вилоят, аз ҷумла Конибодом, Истаравшан, Ҷаббор Расулов омадаанд. Пешорўи ман Бурҳонов Пўлод, мўйсафеди нуронии тақрибан 80-солае нишастааст, ки дар чеҳрааш асари беморӣ мушоҳида намешавад.

пешина
аз 601
навбатӣ