ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Игор Семёнович, лутфан бигўед, агар воқеияти имрўзаро ба назар бигирем, ба ақидаи Шумо, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайни судманд боз чӣ корҳоро метавон ба субут расонд?
-Шумо дуруст қайд кардед, имрўз сатҳи муносиботи мо олист. Ман чунин мешуморам, ки дар навбати аввал мо бояд сатҳи имрўзаи рушди муносиботи тарафайнро ҳифз намоем. Имрўз гомҳои бисёр қавӣ дар ин самт, аз ҷумла, такя ба заминаи созишномавӣ-ҳуқуқӣ гузошта шудаанд.
Вазифаи асосӣ ҳоло ба дастовардҳо дар ин ҷода эҳтиёткорона муносибат намудан, масоили муҳимро муайян кардану аз пайи ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли он шудан аст. Баъдан, бояд дар ҳаҷми пурра зарфиятҳои то ҳол истифоданашударо ба кор бурд.
Бояд гуфт, ки нақши боризро дар рушди ҳамкориҳо вохўриҳои пайвастаи сарони кишварҳои мо мебозанд, ки зимни онҳо ҳадафҳои ҷадид муайян шуда, ба сатҳи муносиботи муштарак баҳо дода мешавад.
Механизми муҳиме, ки таҳрикдиҳандаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ мебошад, комиссияи байниҳукуматист, ки барои барқарор кардани алоқаҳои бевосита миёни минтақаҳо ва субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ мусоидат намуда, натиҷаҳои фаъолияти муштаракро баҳогузорӣ мекунад ва пешбинии ҳамкориҳоро муайян месозад.
-Нақши сармоягузории Русияро дар иқтисодиёти кишвари мо чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Мо қаблан зикр намуда будем, ки Русия шарики асосии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аммо ба назари Шумо чунин намерасад, ки ҳаҷми сармояи Русия дар таносуб бо дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин он қадар бузург нест?
-Бале, такрор ҳам шавад, мегўям, ки Русия шарики пешбари тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон аст. Соли 2014 ҳиссаи мо наздики сеяки савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор