Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат, ҳаҷми сармоягузории Русия имрўз ба андозае коҳиш ёфтааст, вале нигоҳ накарда ба фаъолнокии дўстони чинии мо, Русия дар самти сармоягузории бевосита бо нишондоди 1,2 миллиард доллари ИМА дар иқтисодиёти кишвари шумо пештоз аст. Танҳо иншооти бузургтарини сармоягузории Русия – НОБ-и Сангтўда-1-ро ба хотир овардан кофист. Чуноне ки гуфтам, дигар ширкатҳои мо, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, сармоягузориро ба лоиҳаҳои иқтисодии кишвар идома медиҳанд.
Дар коҳиш ёфтани ҳаҷми сармоягузории Русия сабабҳои объективӣ вуҷуд доранд. Дар қатори онҳо метавон як андоза таназзули иқтисодии кишвари мо дар натиҷаи таҳримҳои ғайриқонунии кишварҳои Ғарб ва паст фаромадани нархи ҷаҳонии сўзишвориро номид.
Сабабҳои дигари мураккабии муайяни вазъ, ки сармоягузорони русиягӣ рў ба рўи он қарор гирифтаанд, ин қазияҳои андозбандӣ – зуд-зуд иваз шудани системаи он ва андозбандии баланд мебошанд. Махсусан, ин ба ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дахл дорад. Ҳамчунин, қазияи дигар ин қарздории ширкати «Барқи Тоҷик» назди НОБ-и Сангтўда-1 мебошад. Мо интизорӣ дорем, ки чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ таваҷҷўҳи сармоягузорони русиягиро зиёд хоҳад кард.
Дуруст қайд кардед, Чин сармоягузори бузург ба иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб мегардад, ҳарчанд ки ҳоло дар ин самт Русия пешгомтар аст. Аммо мо дар масъалаи он, ки дигар кишварҳои пешрафта ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармояи зиёдтар мегузоранд, зид нестем. Баръакс, дар ҳошияи созишномаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва «Камарбанди иқтисодии Роҳи нави Абрешим», ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Москва имзо шуд, сармояи чиниву русиягӣ ба инфрасохтори Тоҷикистон барои рушди фазои авруосиёӣ кори умумиро ба анҷом мерасонанд, ки ҷавобгў ба манфиати ҷонибҳо аст.

пешина
аз 601
навбатӣ