Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

-Тоҷикистону Русия шомили созмонҳои минтақавие чун ИДМ, СҲШ, СПАД ва амсоли ин ҳастанд, ки дар ҳошияи онҳо бисёр масоили дуҷониба низ ҳаллу фасл мешаванд. Шумо нақши ин созмонҳоро дар роҳандозии сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чи гуна баҳо медиҳед ва оё дар ҳалли масоиле, ки пешорўи давлатҳои аъзо истодаанд, ба фикри Шумо, нақши онҳо таъсирбахш аст?
-Созмонҳои бузурги минтақавие, ки шумо онҳоро номбар намудед, дар таъмин сохтани амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо нақши муҳим мебозанд. Ин ҷо мехостам нисбати афзун гаштани нақши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай қайд намоям – рўз аз рўз нуфузи ин созмон афзуда истодааст, махсусан дар арафаи қабул шудани Ҳиндустону Покистон ба ҳайати он, яъне созмони мазкур ба як навъ қолаби «Авруосиёи Бузург» табдил шуда истодааст.
Ҳамкориҳо дар чаҳорчўбаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ барои мо авлавиятро дорост.
Санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии қувваҳои зудамали Дастаҷамъии СПАД дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон имкониятҳои ҷангии иттифоқчиён, аз ҷумла алайҳи хатароти террористии берунаро баръало нишон дод. Президенти Федератсияи Русия сатҳи баланди ин чорабинӣ ва сарварии босамари Тоҷикистонро баланд баҳогузорӣ намуд. Дар вохўрии сарварони кишварҳои аъзои СПАД қарорҳои муҳими ҳарбиву сиёсӣ қабул карда шуда, манфиатҳои умумӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ ва интиқоли маводи мухаддир изҳор карда шуданд. Боварии комил дорам, ки СПАД ҳамчун омили асосии таъмини амният дар Осиёи Марказӣ тамоми он имкониятҳоро дорост, ки мустақилияти тамоми кишварҳои аъзоро ҳифз бикунад.

пешина
аз 601
навбатӣ