ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
-Вазъи амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ замони ахир мураккаб шуда, таҳдидҳои нав рўйи кор омада истодаанд. Русия дар самти мубориза алайҳи ин таҳдидҳои ҷадид дар ҳамдастӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бояд чӣ амалҳое ба субут бирасонад?
-Хуб, шумо дуруст қайд кардед, вазъи минтақа имрўз то андозае мураккаб шуда истодааст. Мо дақиқкорона вазъи ҳамсоякишвари Афғонистонро таҳти назорат қарор додаем ва он моро бехавотир гузошта наметавонад.
Маълум аст, ки нигоҳ накарда ба ҳузури чандинсолаи қувваҳои ИМА ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) вазъи ҳарбиву сиёсии ин кишвар, мутаассифона, майл ба муташанниҷ шудан дорад. Шоҳиди ин гуфтаҳо ҳодисоти авохир дар музофоти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Қундуз аст, ки маркази маъмурии он аз ҷониби ҷангиёни ифротгаро таҳти тасарруф қарор гирифт. Зиёда аз ин, беш аз нисфи ҳудуди қисми шимолии мамлакат аллакай таҳти назорати «Толибон» ва дигар гурўҳҳои ҷангӣ даромадаанд. Замони ахир фаъолнокии гурўҳҳои «Давлати Исломӣ» фаросўи рўдхонаи Панҷ дар ҳоли афзудан аст.
Дар ин хусус дар вохўрии ба наздикӣ доиршуда дар шаҳри Сочи сарони кишварҳои мо низ мулоқот доштанд ва изҳори хавотирӣ намуданд.
Шумо огаҳӣ доред, ки сарҳади миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марзҳои ҷанубии минтақаи таҳти масъулияти СПАД маҳсуб мегардад. Нақши калидиро дар таъмин намудани бехатарии ин минтақа Пойгоҳи низомии 201-и Русия мебозад. Қудрати ҷангии он пайваста афзуда, дар ҳоли модернизатсия ва пурқувват шудан қарор дорад. Чуноне маълум аст, ба наздикӣ оид ба пурқувват намудани гурўҳи авиатсионии пойгоҳ бо чархболҳои зарбазан ва ҳарбӣ-нақлиётӣ қарор қабул гардид, ки дар фурудгоҳи ҳарбии «Айнӣ» дар 30-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳанд шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор