ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Мутахассисон (дастурдиҳандагон)-и пойгоҳ ҳарбиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таълим медиҳанд.
Масалан, соли 2015 чунин омўзишро аллакай зиёда аз 1000 мутахассисони хурд гузаштанд. Русия зиёда аз ҳар кишвари олам дар афзудани иқтидор ва омодагии ҳарбии артиши Тоҷикистон манфиатдор аст. Мо ҳамеша ёрии ҳарбӣ-техникии заруриро ба артиши шумо мерасондем ва бешубҳа, дар оянда низ хоҳем расонд.
Мо итминони комил дорем, ки Пойгоҳи низомии 201 бо дарназардошти қувваҳои иловагии авиатсионӣ яке аз асбоби асосии ҳифзи Тоҷикистон аст, аз ҷумла аз хатарҳое, ки аз самти ҷануб таҳдид мекунанд.
-Аз сабаби сангинтар шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд дучор шуданд. Ба фикри Шумо, ин қазияҳоро чӣ тавр метавон фасл намуд, масалан, оид ба содда кардани қонунҳои муҷоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бояд чӣ амалҳоро ба анҷом расонд?
-Ба он ақидае, ки муҷоҷирати меҳнатӣ яке аз саҳифаҳои муҳимтарину ҳассос дар муносиботи муштараки кишварҳои мост, розӣ ҳастам. Бояд ин ҷо зикр намоям, ки муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва назоратшаванда ба ҳар ду ҷониб ҳам муфид аст. Русия чун ҳамеша ба захираҳои иловагии меҳнатӣ ниёз дорад, алалхусус аз ҷумҳуриҳои АвруОсиёӣ. Тоҷикистон бошад, кишварест, ки захираҳои барзиёди қувваи кориро дорост. Зиёда аз ин, имконияти фаъолияти корӣ дар Русия ҳам ба садҳо ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дар маҷмўъ ҳам ба давлати Тоҷикистон манфиатовар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор