ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муҳим аст қайд намоям, ки солиёни ахир барои ҷорӣ намудани тартибот дар ин соҳа хеле корҳо ба субут расонида шуда шудааст. Сохтори (системаи) патентии ба кор таъмин шудан ҷорӣ карда шуд, ки ба муҳоҷирон имконияти зудтар қонунӣ гардонидани фаъолияти меҳнатиро дар ҳудуди Русия фароҳам меорад, масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи кории муҳоҷирон (муҳоҷирони ғайриқонунӣ) баланд бардошта шуд.
Ҳоли ҳозир пешниҳод оид ба нармтар сохтани талаботи дониши забони русӣ ва таърихи Русия ба он муҳоҷироне, ки барои корҳои мавсимӣ ба кишвари мо меоянд, таҳти омўзиш қарор гирифтааст.
Ба суоли шумо дар ҳошияи принсипиалӣ посух медиҳам, ки воситаи аз ҳама дурусти беҳтар сохтани шароити муҳоҷирони тоҷик ин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё НИА аст, ки ҳадафи аслии он бардоштани монеаҳо дар роҳи интиқоли қувваи корӣ, хидматрасониҳо ва сармоя мебошад. Яъне, муҷоҷирони кории тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрвандони дигар кишварҳои ИИА дар бозори бузурги меҳнатӣ қарор хоҳанд дошт. Чи гуна чунин қазияҳо ҳалли худро меёбанд, мо инро дар мисоли Қирғизистон мебинем, ки ҳамин сол ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ гардид.
-Вобаста ба ҳаводиси ахири Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд, ки ба пастравии қурби рубли русӣ ва то андозае коҳиш ёфтани рушди иқтисодиёти кишвар овардааст. Такя ба ин омилҳои зикргардида, Президенти Русия оид ба дастгирии истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ ва тақвият бахшидани равобити иқтисодӣ бо он кишварҳое, ки дар ин таҳримҳо ширкат надоранд, изҳори назар намуд. Дар ин замина, дар самти таъмини бозори дохилии Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон низ чун истеҳсолкунанда метавонад ширкати фаъолона дошта бошад, зарфиятҳо баҳри ин ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор