ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бигўед, ки истеҳсолкунандагони русиягӣ метавонанд дар самти истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон иштироки бевосита дошта бошанд, чун манбаи ашёи хом ва қувваи корӣ ин ҷо вуҷуд доранд?
-Дуруст гуфтед, воридотивазкунии маҳсулоти кишоварзӣ ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ барои кишвари мо имрўз ба як вазифаи муҳим табдил гаштааст. Дар ин масъала мо ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони тоҷикистонӣ интизорӣ дорем. Ин ҷо бамаврид аст ба хотир биёрем, ки дар замони шўравӣ ангур, зардолу, себ, маҳсулоти дигари кишоварзии барвақтӣ аз Тоҷикистон дар бозорҳо ва мағозаҳои Русия ба таври васеъ дастрас буданд, яъне замина дар ин самт вуҷуд дорад.
Барои зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия корҳои муайян карда мешаванд.
Тибқи маълумоти мо, ҳаҷми содироти он соли равон ба Русия хоҳад афзуд. Барои ин ворид шудани Қирғизистони ҳамсоя ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё низ мусоидат мекунад, чунки акнун барои ворид гаштани маҳсулоти кишоварзии тоҷик ба минтақаи гумрукии Иттиҳод расмияти гумрукӣ танҳо як маротиба дар сарҳад бо Қирғизистон сурат мегирад.
Аммо, илова ба ин, баъзе мушкилиҳо низ дар ин самт вуҷуд доранд. Масалан, набудани занҷираҳои бузурги фурўши яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, қафомондагии техникӣ, мушкилиҳои нақлиётӣ ва нархҳои баланд. Нигоҳ накарда ба ин қазияҳо, мо дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия фаъолиятро давом дода истодаем.
-Суоли дигарро наметавонем надиҳем, чун сархати расонаҳои кишварҳои мо гаштааст. Ин ҳам нисбати марги кўдаки 5-моҳаи тоҷик – Умаралӣ зимни боздошти волидонаш аз ҷониби мақомоти қудратии Русия аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор