ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданДар ин хусус мехостем фикри Шуморо бифаҳмем.
- Мехоҳам махсусан қайд кунам, ки ин ҳодисаи фоҷиавӣ маро низ ғамгин сохт. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба волидон ва наздикони Умаралӣ Назаров изҳори ҳамдардӣ мекунад. Барои ошкор кардани ҷузъиёти ин воқеаи фоҷиавӣ Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ВКД, Хадамоти федеролии муҷоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Прокуратураи Генералии кишвар муроҷиатнома фиристод. Ҳамчунин Вакил оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Президенти Русия – Павел Астахов ва намояндаи ВКХ ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор ҷалб карда шуданд. Ин масъала таҳти назорати ВКХ Русия қарор дорад.Ҷиноят аз ҷониби касе содир нашуда бошад, новобаста аз вазифаи ба уҳдадоштааш, ў бояд назди қонун ҷавоб диҳад. Дар ин ҳодиса, ки мутаассифона боиси марги тифли маъсум гардид, ҳоло то ба охир бояд сабабҳои онро омўхт ва баъдан гунаҳкоронро ҷазои сазовор дод. Мо ҳоло тафсилоти онро то ба охир намедонем, ин кори мақомоти дахлдор аст, ки зимни тафтишот ҷурми ашхосеро, ки сабабгори ин фоҷиа шуданд, муайян созанд. Аммо маро як чиз боиси хавотирӣ мешавад, ки марги ин тифли маъсумро дар расонаҳои тоҷикистонӣ дастак карда, вазъро то ба охир наомўхта, сабабҳои онро ба зуҳуроти «нажодпарастӣ» нисбат медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҷиноятҳо бо ҳар сабаб рух медиҳанд ва аз онҳо дарҳол як асбоби сиёсӣ сохтан амалест муғризона. Чунин лаҳну гуфтор ба манфиати он қувваҳоест, ки мехоҳанд миёни муносиботи дўстонаи мо халал ворид созанд ва ин дар шароите, ки дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароии динӣ мубориза мебарем, пайомадҳои нохуб дошта метавонад. Мо аз ин ҳодиса андўҳгин ҳастем, аммо ҳоло бояд ба мақомоти дахлдор вақт дод, ки сабаби онро таҳти тафтиш қарор дода, гунаҳкоронро муайян кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор