ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданГунаҳкорон, касе, ки набошанд, ҳатман ҷазои худро хоҳанд гирифт.
- Игор Семёнович, баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ дар Русияву Тоҷикистон насли наве ба камол расидааст, ки мутаассифона дар бораи таъриху муштаракоти кишварҳои мо маълумоти хеле кам доранд. Аммо нигоҳ накарда ба ин, имрўз дар Тоҷикистон нуфузи забони русӣ ҳоло ҳам зиёд аст. Он дар ҷумҳурии мо ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо қабул шудааст. Фикр мекунем, ки дар самти дастгирии риштаҳои муштараки илмиву фарҳангӣ Русия бояд боз ҳам фаъолтар бошад, то ин ки ин фазои ҳузури забон ва адабиёти русӣ коста нагардад. Шумо чӣ андеша доред?
- Шумо комилан ҳақ ҳастед. Барои эҳтиром гузоштан ба миллатҳо ва фаромўш насохтани пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ тарбия бояд аз оила ва баъдан дар мактаб оғоз бигардад. Дар ин ҷода мо корҳои зиёде карда истодаем, аз қабили таъмини макотиби Тоҷикистон бо китобҳои русӣ, дастгирии моддии муассиаҳои таълимии кишвар, чуноне ки аз аввали сўҳбатамон зикр карда будам, таъсиси шўъбаҳои донишгоҳҳои маъруфи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин. Аммо бояд гўям, ки дар ин самт то ба ҳол мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки мо бояд пайи бартараф сохтани онҳо бошем. Дар ин маврид, гумон мекунам, зарфиятҳо хеле зиёд ҳастанд, ки дар ин самт ҳамкориҳоро тақвият хоҳем бахшид.
- Рушди минбаъдаи муносиботи моро чӣ гуна ояндабинӣ мекунед?
- Дар ин масъала нигоҳи ман хушбинона аст, чун барои мазбут сохтани муносиботу муштаракоти тарафайн судманди мо заминаи қавии сиёсӣ ва ҳуқуқиву иқтисодӣ гузошта шудааст. Мо дорои таърихи муштараки ғанӣ ҳастем, мо дастҷамъона озодии Ватани умумӣ – Иттиҳоди Шўравиро ҳифз намудаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор