ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Барои боз ҳам вусъат бахшидани муносиботи мо муташанниҷ гаштани вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон такони дигар медиҳад. Имкониятҳои дигари мусоидро барои кишварҳои мо ҳамчунин ҳамкориҳои авруосиёӣ тавъам бо барномаҳои иқтисодии Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам меоранд. Ба ибораи дигар, мо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн судманд «маҳкум» ҳастем.
Душанбе, с 2014
СОМНАТҲ ГОШ: БЕҲТАРИН
ДАСТОВАРДИ ҲИНДУСТОН ИН ЯГОНАГӢ
ДАР ГУНОГУНРАНГИСТ
Мардуми тоҷик ва ҳинд ҳанўз аз давраҳои қадим равобити хуби иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Имрўз низ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз шарикони муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки дар бахшҳои мухталиф ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ карда мешаванд. Аз ин хотир, чанде қабл ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҷаноби Сомнатҳ Гош (Somnath Ghosh) сўҳбате анҷом дод, ки манзури хонандагон мегардонем:
- Ҷаноби Сафир, 15 августи соли равон Ҳиндустон 70-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуд. Таърихи муборизаи мардуми қаҳрамони ҳинд, ки дар роҳи истиқлолият хеле ҷонбозиҳо намудаанд, ҳамеша вирди забон аст. Лутфан бигўед, ки баъд аз Истиқлолият Ҷумҳурии Ҳиндустон ба кадом дастовардҳо ноил гардид ва он чӣ таъсири мусбие дошта ба зиндагии мардум?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор