ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Ҳиндустон пас аз ба даст овардани истиқлолият ба дастовардҳои зиёде ноил гашт, ки тавсифи онҳо дар маҳдудаи чанд ҷумла ғайриимкон аст. Таърихи Ҳиндустон, гарчанде ки пур аз муборизаву талошҳо ба хотири истиқлолият ва озодӣ будааст, баъд аз озод шудан аз мустамлика дар фосилаи хеле кўтоҳ дар таъмини некўаҳволии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми ин кишвар хеле комёб шудааст. Имрўз Ҳиндустон ҳамчун давлати демократӣ ва мисоли беҳтарини ягонагӣ ва таҳаммулпазирӣ муносибати мусолиҳаомези дину оинҳо, забон ва фарҳанг ба шумор меравад. Ҳиндустони имрўза дар баробари ҷиҳати таъминот бо ғизо худкифо будан, инчунин, аз бузургтарин содиркунандаи маҳсулотҳои ғизоӣ ва ғалладонагиҳо ба ҳисоб меравад.
Мо тавонистем як қатор бемориҳои сироятиро, ки ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ дошт, бартараф намудем ва хизматрасониҳои тиббии мо то андозае рушд кард, ки имрўз дар ҷаҳон беҳтарин ва аз лиҳози арзиш дастрастарин маҳсуб мегардад. Дастовардҳои Ҳиндустон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, кайҳонӣ, мудофиа, илму техника ба ҳамагон маълуманд. Ҳиндустон сеюмин иқтисоди бузург дар ҷаҳон аз рўи қобилияти харидорӣ шинохта шудааст. Ҳиндустон имрўз узви муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ва потенсиалии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад. Истиқлолияти кишвар ба зиндагии мардуми ҳинд таъсири мусбӣ расонид, аммо барои баровардани як қишри муайяни мардум аз сатҳи камбизоатӣ, ҳанўз ҳам корҳои зиёд идома доранд. - Солҳои охир бо таҳрики баъзе қувваҳои манфиатдор, дар баъзе манотиқи ҷаҳон хушунат ва ҷанги диниву мазҳабӣ авҷ гирифтааст. Пўшида нест, ки дар Ҳиндустон низ намояндагони дину мазҳабҳои мухталиф зиндагӣ доранд ва ин борҳо боиси сар задани низоъҳо гардидааст. Ҷиҳати пешгирии ин раванди номатлуб Ҳукмати Ҳиндустон кадом чораҳоро меандешад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор