Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  • Сарфи назар аз гуногунии дин, забон, анъана ва фарҳанг, мардуми Ҳиндустон ҳамчун як оила бидуни хушунат ва бадбинӣ нисбати якдигар зиндагӣ мекунанд.
    Ягонагӣ дар гуногунрангӣ ин дастоварди бузурги Ҳиндустон аст ва мо дар ҳаёти худ ин арзишро ҳамарўза арҷ мегузорем. Мардуми дину мазҳаби мухталиф, дар якҷоягӣ ҷашну иди якдигарро таҷлил ва истиқбол мекунанд. Дар сохтори демократие, ки мо дар Ҳиндустон онро сармашқи кор қарор додаем, шаҳрвандон дар тарғибу ташвиқ ва парастиши дину оини худ озоданд. Мо ягон динро тарҷеҳ ва бартарӣ намедиҳем. Ҳиндустон давлати дунявӣ аст ва ҳукумат ба эътиқод аҳолӣ дахолат намекунад ва дин низ ба умури давлатӣ таъсир намерасонад. Шаҳрвандони Ҳинд ба имону эътиқоди якдигар бо таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром муносибат мекунанд ва онҳо ба хотири афзалият додан ба дину мазҳаби худ ба қурбонию таҳқир ва идеологияи экстремистӣ роҳ намедиҳанд. Новобаста аз он, ки Ҳиндустон дар ҷаҳон дуюмин кишваре маҳсуб мешавад, ки теъдоди шаҳрвандони мусалмонаш зиёд аст, аз байни онҳо камтар аз 50 нафар ба ДИИШ пайвастанд ва ягон нафар то ҳол ба Ал-Қоида шомил нашудааст. Албатта ҳастанд дар дохил ва беруни кишвар қувваҳои алоҳидае, ки мекўшанд ихтилофоти диниро эҷод кунанд, вале мо механизми пурқувват ва боэътимоди идеологӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳастем, ки қодир аст бо ин гуна афрод муборизаи беамон барад.
  • Агар ба таърих назар афканем тўли садсолаҳо пайравони дини ҳиндуӣ (индуизм), ки тақрибан 80 % мардуми ҳинд ба он эътиқод доранд ва мусалмонон, ки дар нуфус дувумин дини бузург дар Ҳиндустон маҳсуб мешаванд бидуни хушунату ҷанг, бо як таҳаммулпазирии хос паҳлўи ҳам зиндагӣ доштанд, ки қиссаи маъруфи Шоҳ Акбар ва малика Ҷодҳа (Хира Кунвари) мисол буда метавонад.
пешина
аз 601
навбатӣ