Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале чаро имрўз ҳамин таҳаммулпазирӣ нисбати эътиқод ва мансубияти як дигар ба ин ё он дину мазҳаб ғайриимкон гардидааст?

  • Бояд бигўям, ки Ҳиндустон ҳоло ҳам таҳаммулпазиртарин давлат дар тамоми дунё аст. Мардуми Ҳиндустон дар ҳамдилию ягонагӣ умр ба сар мебаранд. Баъзан вақт, ҷузъҳои алоҳида ҳаракат мекунанд мухолифатро байни одамони динну оинашон гуногун пеш оранд, лекин дар Ҳиндустон онҳо муваффақ намегарданд. Фикр мекунам мардуми Ҳиндустон ақида ва динни ягдигарро эҳтиром мекунанд ва итминони комил дорам, ки ин раванд дар оянда низ поянда мемонад. Шояд яке аз сабабҳояш ҳамин мисоли дилошўб ва фалсафии таърихие бошад, ки Шумо овардед. Чун мардуми Ҳинд новобаста аз мансубияти диниву миллиаш ба таърихи Ватани худ эҳтиром мегузорад.
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли равон 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуд, танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти худ тавонист, ки бо кишвари Ҳиндустон муносибатҳои густурдаи дипломатиро роҳандозӣ намояд. Дар марҳилаи имрўза ҳамкориҳои Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
  • Ҳиндустон ва Тоҷикистон таърихан муносибатҳои наздик доштанд. Халқҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим табодули илм, ҳунар, санъат, фарҳанг ва адабиётро доштанд. Ягона тағйиротеро дар муносибатҳоямон, ки имрўз мушоҳида мекунам, ин ҳамкории мо аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992, густариш ёфтааст. Роҳбарони ду кишварамон мунтазам бо якдигар вомехўранд. Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон 6 маротиба ба Ҳиндустон сафар карданд. Ҳамаи раҳбарони Ҳиндустон, аз ҷумла Президент, Ноиби Президент ва Сарвазир ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
пешина
аз 601
навбатӣ