ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданМо муносибати худро то сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдаем. Мо дар самти афзоиш ва таҳкими минбаъдаи он кор мекунем. Ҳамкорӣ дар соҳаи рушди иқтисод, рушди захираҳои инсонӣ, мудофиа ва амният, фарҳанг ва дигар соҳаҳо рукнҳои асосии шарикии стратегии моро ташкил медиҳанд. Ман фикр мекунам, ки мо барои шарикии дарозмуддати стратегии байни ду кишварамон, заминаи устувор гузоштем.
- Дурнамои ҳамкориҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистонро чи гуна мебинед ва ба андешаи Шумо барои беҳтар шудани равобити кишварҳои мо бояд кадом монеъаҳо бартараф шаванд?
- Дар 25 соли муносибатҳои дипломатӣ мо барои ҳамкории ҳасанаи Ҳиндустон – Тоҷикистон асос гузоштем.
Мо дар якҷоягӣ ба натиҷаҳои бисёр ноил гаштем ва ман фикр мекунам ин дастовардҳо минбаъд ба таҳким ва густариши шарикии стратегии мо таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, ман аз сатҳи ҳамкории тиҷоратиамон қаноатманд нестам. Савдои дуҷониба дар ҳаҷми 42 миллион доллари амрикоӣ аз иқтидори бузурге, ки байни ду кишвар вуҷуд дорад, хеле поин аст. Сабаби асосии он ин набудани роҳи мустақими байни ду кишвар мебошад. Мо барои ҳалли ин масъала чораҳо андешида истодаем. Мо бо Эрон ва Афғонистон ҳамкорӣ мекунем, то ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бандари Чобаҳар роҳ пайдо кунем. Мо инчунин оид ба беҳтар намудани пайвастшавӣ тавассути Долони нақлиётии байналхалқии шимолу ҷанубӣ кор карда истодаем. Мутмаинам, ки бо рушд додани ин роҳҳо, мо имкон пайдо мекунем, ки тиҷорати дуҷониба зиёд карда шавад.
Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони Ҳиндустон ва Тоҷикистон вақтҳои охир равобити кориро бо ҳам тавсеа додаанд. Мо шумораи зиёди соҳибкорони тоҷикро барои иштирок дар ярмаркаҳои тиҷорӣ, форумҳои иқтисодӣ сафарбар мекунем, то ин ки онҳо тавонанд имкониятҳои навро дар бозори бузурги Ҳиндустон пайдо бикунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор