Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мо бояд барои пеш бурдани тиҷорат шароити мусоидро, аз ҷумла сода кардани низоми раводид ва низоми беҳтари андозро фароҳам орем.

  • Бо назардошти он, ки банда ифтихори таҳқиқи осори яке аз шоирони машҳури сабки ҳиндӣ Мирзо Абдулқодири Бедилро доштам ва ҳамкори ман низ осори Шоҳ Неъматуллои Валӣ, аз шоирони маъруфи ҳавзаи адабии Ҳиндро мавриди таҳқиқ қарор додааст, дар фарҷоми сўҳбат мехостем доир ба лоиҳа ва барномаҳое, ки Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бахши илм ва маориф дар кишвари мо роҳандозӣ намудааст, сўҳбат мекардед.
  • Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар шоирону муттафакирони бузург – мероси умумиҷаҳонии мо мебошанд ва мо вазифадорем, ки осору ҳаёти онҳоро омўзем, мавриди таҳқиқу пажўҳиш қарор диҳем ва аз онҳо илҳом гирем.
    Ман хурсандам, ки шумо ба корҳои Бедил ва дигар файласуфҳои Ҳиндустон мароқ зоҳир мекунед. Сафорати Ҳиндустон ба наздикӣ семинарро дар мавзўи “Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон” дар Академияи илмҳо баргузор намуд. Дар семинар якчанд коршиносони намоёни тоҷик, ки дар бораи осори Бедил таҳқиқоти муфассал анҷом доданд, иштирок карданд. Ҳамин гуна конфронси дигар дар оғози соли сипаригардида дар Ҳиндустон ҳам баргузор гардид, ки дар он донишмандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доштанд. Сафорати Ҳиндустон тамоми тадбирҳоро дастгирӣ мекунад, ки ба фаҳмиш ва шинохти ҳамдигар мусоидат мекунанд ва ба фарҳанги муштарики ду кишвар иртибот дорад.
  • Ташаккур барои сўҳбати самимӣ
  • Аз дидор бо Шумо хеле мамнунам ва ба фаъолияти ҳафтаномаи “Минбари халқ” барор мехоҳам...
    Душанбе, с.2016
пешина
аз 601
навбатӣ