Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мусоҳибаи муҳим

ЧАРО ИНҚИЛОБИ
МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГӢ?

Оид ба зарурати вориди тағйиру иловаҳо ба Қонун
«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон» сўҳбате доштем бо муовини якуми
Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, ки манзури хонандагон мегардонем.

  • Муҳтарам Саидмурод Самад, Шумо дар яке аз сўҳбатҳои худ дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид гардидани тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкурро «инқилоби маънавӣ ва фарҳангӣ» номидед. Лутфан бигўед, ки ин ба чӣ далел буд?
  • Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Ин яке аз қонунҳои нодир ва бесобиқа буд, ки ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва даст кашидан аз хароҷоту исрофи иҷборӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар ин муддат ба мақомоти маҳаллӣ, ки бевосита бо аҳолӣ сару кор доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳоят худи мардум имкон дода шуд, ки таъсири қонуни мазкурро дар зиндагии воқеии худ санҷанд ва оид ба бурду бохти он андешаашонро баён намоянд.
    Бо вуҷуди он, ки қонуни мазкур ва тағйиру иловаҳои ба тозагӣ ба он воридшударо аксарияти шаҳрвандон дастгирӣ намуданд, як зумра либералҳо (озодандешон) низ пайдо шуданд, ки роҳҳои татбиқи онро зери суол мегузоштанд: «Чаро ин корро аз тариқи тарғибу ташвиқ неву тавассути қабули қонун анҷом диҳем?».
пешина
аз 601
навбатӣ