Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале бубинед, ҳангоми дар мулоқотҳои худ аз ҷониби Пешвои миллат аз олимону рўҳониён суол карданд, ки «оё тасмими мо дар мавриди танзим дуруст аст?», ҳама бо як овоз аз Каломи Шариф ва осори бузургон мисол оварда, ҳақиқати ин иқдомро тасдиқ менамоянд. Пас чаро олимон ва рўҳониёни арҷманди мо, ки пешсафи ҷомеа мебошанд, то қабули қонуни мазкур мардумро раҳнамоӣ накарданд?
Мўҳри хомўшӣ бар даҳон задаву ба истилоҳе «қатори мардум» пешдарои ин гуна маъракаҳо буданд? Ва ё онҳо мегуфтанду суханашон асар надошт?
Як чиз мусаллам аст, ки давоми даҳ соли сипаригардида, гарчанде, ки Қонуни мазкур барои мардуми оддӣ сабукиҳои назаррас овард ва теъдоди зиёди шаҳрвандонро аз зери бори гарони қарз раҳо кард, тоифаи «баргузида»-е низ буданд, ки куҷо равад тарғибу ташвиқ, ҳатто талаботи қонунро сарфи назар намуда, бо роҳҳои гуногун маъракаҳои дабдабанок ташкил мекарданд.
Мутаассифона, баъзе аз ин тоифа то ҳанўз дарк накардаанд, ки бо харҷу исрофкории зиёд баргузор намудани маъракаҳо ба дасткушодӣ ва саховатмандӣ ҳеҷ рабт надорад, балки як роҳи худнамоӣ ва ман-манӣ аст, ки дар зеҳни мардуми мо реша давонидааст.
Чи бояд кард, ки психологияи мардуми мо ба зиёфатхўрии маҷонӣ (ройгон) хў гирифта, номи тамоми маъракаҳо ба хўрдани ғизо иртибот дорад, мисли «оши наҳор, оши худоӣ, зиёфат…» ва ҳатто баъзе бонуҳои бадзабони мо вақте ки касеро дуои бад мекунанд, истилоҳи «ошакатро хўрам, чилшикан кунам»-ро истифода мекунанд, ки ишора боз ба ҳамон оши ҳафту чилу сол аст, ки дар маъракаҳои мотам бо харҷи зиёд таҳия мешаванд.

пешина
аз 601
навбатӣ